Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ин матн бо гуфтор дар бораи хилофати ҷаҳон (банди 1) ва хитоби marika ба поён мерасад (бандҳои 11-12). Поёнаш ноқис аст. Матни мазкур тибқи тарҷума ва нашри эронӣ (Катибаҳои ҳахоманишӣ. Фароҳамоварӣ ва таҳқиқи П. Лукук. Тарҷумаи Н. Халхолӣ. Зери назари Ж.Омӯзгор.- Теҳрон: Нашр ва пажӯҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.
6. тавоно ба хотири нотавон ба бедод тан диҳад – адолат ва паймон бояд дар тамоми шароит пос дошта шавад, чи бо ростгӯ баста шавад, чи бо дурӯғгӯ.
7. Мунозиа – мақсуд аз ин калима метавонад набард, пайкор ё муҷодала бошад.
8. ҳангоме ки як ёғиро мебинам, вақте ки ӯро намебинам – муаррифи мутазодии иғроқомез, ишора ба набарди тан ба тани шоҳ.
9. камондор – камон силоҳи махсуси ашроф ва ҳамроҳ бо найза нишонаи қудрати шоҳӣ аст.
10. тавонистам онҳоро ба кор гирам – ишора ба набардҳои сангнабиштаи Бесутун.
11. марди ҷавон –marīka. Дар забони санскрит ва дар фаҳмишҳои қадимии ҳиндуэронӣ marya ҷангҷӯи ҷавоне аст, ки фунуни низомиро дар дастаҳои ҷавонон фаро мегирад. Дар Авесто mairya роҳзан, саворкори наҳс ва манфур аст. Ба назар мерасад, ки вожаи форсии бостон мафҳуми қадимии худро ҳифз кардааст.
12. Гаубарува – дар катибаи Бесутун яке аз шаш ёри Дориюш аст, ки дар мубориза бо Гауматаи муӯро ҳамроҳӣ мекард. Узви гурӯҳи шашнафараи порсӣ аст, ки нақши муҳиме дар юришҳои Дориюш бар тахт ифо карда ва Ҳеродот низ бо ин лақаб зикри ӯро кардааст.
13. Патисхуварӣ (patischoriens) – номи қавмест, ки яке аз шахсиятҳои он дар оромгоҳи Рустам, дар пушти сари Дориюш нақш ёфтааст. Страбон ин қабиларо қабилае аз Форс ё хонадоне (fulov) медонад. Номи қабила эронӣ аст (Patishuvari) ба маънии тақрибан «касоне, ки бисёр меҳтарманд».
14. Ин бахш тавзеҳоте аст, ки дар бораи нигаҳдорандаи тахти Дориюш нақл мекунад.
КАТИБАҲОИ ТАХТИ ҶАМШЕД
- Катибаҳои тахти Ҷамшед – ин катиба аз 7 бахш иборат аст: 1. Катибаи сезабона, ки иборат аз ду нусха буда, дар кохи (тачараи) Дориюш, рӯи деворҳои фақонии роҳраве, ки равоқро ба толори аслӣ муртабит мекунад, навишта шудааст; 2. Катибаи кӯтоҳимзои сезабона аст, ки дар ду нусха, яке рӯи либоси Дориюш ва дигаре болои сари Хшайоршо навишта шудааст; 3. Катибаи кӯтоҳи сезабона дар бораи сохтмон аст, ки ҳаждаҳ бор дар рӯи даргоҳи панҷараҳо ва дарҳои кохи Дориюш такрор шудаанд; 4. Катиба ба забони форсии бостон рӯи девори ҷанубии суфа. Мазмуни аслии он мардуми Порс аст; 5. Катиба ба форсии бостон рӯи девори ҷанубии суфа. Мазмуни он баршумурдани мардумоне аст, ки таҳти фармони сипоҳи Порс ҳастанд; 6. Катибаи эломӣ бар девори ҷанубии суфа, марбут ба сохтмони суфа; 7. Сангнавиштае ба бобулӣ дар рӯи девори ҷанубии суфа, мавзуи он марбут ба ақвоме аст, ки дар сохтани тахти Ҷамшед ҳамкорӣ кардаанд. Матни мазкур аз рӯйи тарҷума ва нашри эронии катиба, ки фароҳамоварӣ ва таҳқиқи онро П.Лукук ва тарҷумаи форсии онро н.Халхолӣ зери назари Ж.Омӯзгор анҷом додааст. (Теҳрон: Нашр ва пажуҳиши Фарзонрӯз, 1381) баргардонӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор