Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Исагила – Изагила номи ниёишгоҳи бузурги Мардук ё Худои бузург аст. Ин ном бо номи ниёишгоҳи эронӣ «Изагин» дар «Арата» шабоҳати зиёд дорад, ки дар ҳамосаи сумерӣ «Инмиркор ва фармонравои Арата» низ бозгӯй шудааст. Ҷаҳоншоҳи Дурахшонӣ дар «Ориёиҳо, мардуми кошӣ ва дигар эрониён» (Теҳрон, 1382, саҳ.508) маънии «Изагин»-ро санги Лоҷувард донистааст. «Косиён» низ ранги обиро ранги Худованд ба шумор меоварданд ва «Кошшу / Коссу номи худои бузурги онон ба маънои «ранги обӣ» аст. Имрӯз вожаи «кос» ба маънии ранги обӣ дар гӯишҳои маҳаллии Эрон ба кор меравад. Масалан, дар Гелон, мардони дорои чашмони обиро «Кос-око» хитоб мекунанд.
- Гутӣ – маҳалли кунунии Курдистони Эрон. 4. Мод, Умонмандаҳ (Mada) – яке аз кишварҳои тобеи Ҳахоманишӣ аст. Одатан ин номро, ки бобулӣ аст, дар баробари Мод мегузорнад. Аммо, чунин ба назар мерасад, ки ин ном ба ҳама ва ё яке аз қавмҳои ориёӣ, ки дар ҳазораи дувуми пеш аз милод ба Миёндуруд муҳоҷират карда буданд, нисбат меёфт.
- ...дар ҳоле ки худаш ҳамчун ёваре ростин дӯшодӯши ӯ гом бармедошт – ҳадаф аз ин нукта шояд дида шудани сайёраи Муштарӣ дар осмон аст. Дар боварҳои эронӣ сайёраи Муштарӣ нишонаи осмонии Аҳурамаздо / Мардук мебошад.
- Манам Куруш... – аз ин ҷо ривоят аз номи шахси аввал, аз забони Куруш баён мешавад.
- Бил(Bēl) – Худованд, номи дигари Мардук. 8. Набу(Nabū)- ба бобули Худованди нигориш, дабирӣ ва нависандагӣ аст. Ин ниёишгоҳро «Эзида» меноманд.
- Он гоҳ, ки бидуни ҷангу пайкор... – ишора ба бидуни ҷангу пайкор даромадани Куруш ба Бобул на танҳо дар гузориши ӯ, балки дар матнҳои бобулие чун «Солномаи Набунаид» ва «Таърихи Херот» низ сабт шудааст.
- Ҳамаи мардум гомҳои маро бо шодмонӣ пазируфтанд – ишора ба ин нукта, ки мардумони ҳамаи кишварҳо бо ризоияти худашон подшоҳӣ ва иқтидори Курушро пазируфта буданд.
- Ошур (Avura) – Сурия, Ассирия, яке аз кишварҳои тобеи шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ.
- ...ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам – бо вуҷуди набудани ҳеҷ далели қотеъ дар зардуштӣ будани Куруши бузург, ӯ ҳамчун Зардушт ба ин бовари куҳани эронӣ пойбанд буд.
- ... ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам – кушоиш ва бозсозии ниёишгоҳҳо ба фармони Куруш. Дар лавҳаи чаҳор сатрӣ, ки аз «Арах» дар Миёндуруд кашф шудааст, чунин омадааст»: Манам Куруш, писари Камбучия, шоҳи тавонманд, он ки «Исагила» ва «Азияда»-ро сохт».
- сарои сипанд – дар бовариҳои эрони «сарои сипанд» ё «анагра райучанга» (анагрон / анорон) ба маънои рушноии бепоён аст, ки ҷойгоҳи Худои бузург ё Аҳурамаздо ва биҳишти барин маҳсуб мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор