Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- неранг – афсун, найранг. 3. куштӣ – камарбанд. 4. Вой – номи боди бадгуҳар. 5. ардой – росткирдорӣ. 6. мабед – мабошед. 7. наҳиштанд – наҳиштан, нагузоштан. 8. осон – осоиш. АНДАРЗИ ХУСРАВИ КАВОДОН
- Андарзи Хусрави Каводон – матни дорои 13 банд аст, ки суханон ва хитобаҳои Хусрав писари Қубодро ба мардум дар остонаи марг фаро мегирад. Тарҷумаҳои мухталифи ин матн мавҷуданд. Аз ҷумла, матни паҳлавӣ, транскрипсия ва тарҷумаи форси онро Саиди Урён дар маҷмӯаи «Матнҳои паҳлавӣ» (Теҳрон, 1382) аз тарҷумаи тоҷикии онро Д.Саймиддинов дар «Адабиёти паҳлавӣ» (Душанбе, 2003) ҷой додаст.
- баршнум – оин ё маросими поксозӣ. ХУСРАВИ КАВОДОН ВА РЕДАК
- Хусрави Қубодони Варедагӣ – яке аз намунаҳои насри паҳлавӣ, ки мунозира ва пурсишу посухҳои Хусрави Қубоди Анӯшервон ва ҷавоне ашрофзодаро бо сифати «хушорзу» дар бар мегирад. Дар таҳияи андарзномаи мазкур аз маҷмӯаи «Матнҳои паҳлавӣ»-и Саиди Урён истифода шуд.
- маи кинӣ – маи сурх.
- худоён – ин ҷо ба маънии фармонравоён. ЧИДА АНДАРЗИ ПАРЙУТКЕШОН
- Барчидаи андарзи парйуткешон – яке аз муҳимтарин андарзномаҳои паҳлавӣ аст, ки бар пояи дин ва эътиқод ба он шакл гирифтааст. Ин матн баёнгари эътиқоди бунёдини нахустин гаравандагон ба дини зартуштии сосонӣ аст. Матни паҳлавӣ, транскрипсия ва тарҷумаи форси онро Саиди Урён дар маҷмӯаи «Матнҳои паҳлавӣ» (Теҳрон, 1382 ) ва тарҷумаи тоҷикии кирилиро Д.Саймиддинов дар «Адабиёти паҳлавӣ» (Душанбе, 2003) ҷой додаст.
- ҳумат – пиндори нек. 3. ҳухт – гуфтори нек. 4. ҳуваршт – кирдори нек. 5. душмат – пиндори бад. 6. душҳухт – гуфтори бад. 7. душҳуваршт – кирдори бад. 8. каронамандӣ – маҳдудӣ. 9. миронанда – марговар. 10. дуруҷ – дев. 11. ҳафт Кай – шоҳони каёнӣ. 12. ваҳуман – андешаи нек. 13. оз – деви ҳирс. 14. спеномену – руҳи муқаддас. 15. ганомену – менуи нобудгар. 16. ба менуӣ – ба гунаи ғайримоддӣ. 17. ҳамдостон – мувофиқ. 18. менуи табоҳкори дурӯғпеша – Аҳриман. 19. дурӯғи нооштӣ – деви ҷанг. АНДАРЗИ ДАСТУРОН БА БЕҲДИНОН
- Андарзи дастурон ба беҳдинон – намунае аз асари андарзҳои паҳлавие аст, ки муҳтавои он ба масоили бунёдии динӣ, аз қабилаи одоби ба ҷой овардани таҳорат, рафтан ба оташкада ва ниёиши оташ, пурсишу посух дар мавриди эътиқодоти мазҳабии бахшида шудааст. Баргардонии матни мазкур аз маҷмӯаи «Матнҳои паҳлавӣ»-и Саиди Урён сурат гирифт.
- дуруҷи нопокӣ зада шавад – манзур нобуд шудан аст. 3. оташон – оташкадаҳо. 4. дуруҷи коҳилӣ зада шавад – ин ҷо низ манзур нобуд шудан аст. 5. аёнҷӯш – касе ки ба ҳангоми ғизо хӯрдан суҳбат мекунад. 6. биюр – даҳ ҳазор. 7. зифр – даҳони девон. 8. Мурдод – фариштаи нигаҳбони гиёҳон. 9. тозиш – ҷараён. ДАР БОРАИ ХИМ ВА ХИРАДИ ФАРРУХМАРД

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор