Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Доробгирд – шаҳре дар қадим, ки Дорои Дороён бунёди онро гузошта ва маънии ин ном ба ин сурат аст: «Он чи Дороб кардааст», яъне «бунёдкардаи Дороб». Ҷузъи «гирд» тағйирёфтаи «кирд» буда, аз феъли «кардан» берун шудааст. Ин ном ба арабӣ Доробҷирд ёд мешавад.
  2. Веҳ-Шопур – шаҳристоне дар Порс, ки дар осори арабӣ бо номи Собур ёд шудааст.
  3. Гур-Ардашер-хурра – Гур-Ардашер-хварраҳ, шаҳристоне дар Порс, ки онро Ардашери Бобакон (226-24- м.) бунёд кардааст. Гӯр дар осори арабӣ ба гунаи Ҷур ёд шудааст. Имрӯз номи Фирӯзободро дорад.
  4. Тувак – Тавваг, номи шаҳристони қадимӣ аст, ки дар осори арабӣ Тавваҷ ва ба юнонӣ ба гунаи Токе, Таокс ёд мешавад.
  5. Ром-Ҳурмузд – шаҳристони Ромуз, ки гунаи ихтисоршудаи Ром-Ҳурмузд аст ва дар Хузистон қарор дорад. Маънои ин ном «ромиш ё оромиши Ҳурмузд» аст.
  6. Шус – яке шаҳристонҳои эрон дар даврони гузашта, ки дар осори форсии бостон ба сурати Суса-, ба эламӣ Сушан ва ба арабӣ ал-Сус омадааст.
  7. Шустар – яке аз шаҳрҳои Хуросон, ки дар шимоли Аҳвоз ва машриқи Шуш ҷой гирифтааст. Дар сурёнӣ Шустрее ва дар арабӣ Тустарӣ ном дорад.
  8. Вандуи Шопур – ин ном ба гунаи дигар Гунди Шопур аст, ҷузъи нахуст Ваҳи-Андиух-Шопуҳр маънии «аз Антиох Шопуҳр беҳтар»-ро дорад. Дар осори арабӣ Ҷундаисобур ва Ванди-собур навиштаанд.
  9. Эрон-хварра-кард-Шопур – шаҳристони Кадимаии эронии Суз, ки дар замони Шопури 2 бо ин ном ёд кардаанд. Маъниаш «Эронро фараҳманд ва бошукуҳ кард Шопур» аст. Дар таърихномаи Табарӣ Ирон-хурраҳ-Собур зикр шудааст.
  10. Палобод – ном дигари шаҳристони Гунди Шопур – маркази Хузистон, ки дар осори сурёнӣ Бет Лопут омадааст.
  11. Наҳр-тираг – шаҳристоне дар Хузистон, ки дар осори арабӣ Наҳр-тира аст.
  12. Симлон – гунаи дигари талаффузи он Симронаст, ки номи қадимии бахши ҷануби Арабистон мебошад.
  13. Арҳест – номи шаҳре аст, дар арманӣ, Арест – деҳе дар канори кӯли Ван мебошад.
  14. Абдил – шаҳристони Двин дар Арманистон, ки дар осори арабӣ ба шакли Дабил ёд шудааст.
  15. веҳ-Ардашер – шаҳристони Селевкая дар канори рӯди Даҷларо гӯянд.
  16. Гаи – номи қадимии Исфаҳонро гӯянд, ки дар осори юнонӣ Гаваӣ ва осори арабӣ Ҷайй омадааст.
  17. Эрон-осон-кард – номи шаҳристоне аст, ки шоҳ Кавод (488-531м.) писари Фирӯз шоҳи Сосонӣ бунёд кардааст.
  18. Ашкар – номи шаҳристоне аст дар қисмати ғарбии Эроншаҳр. 64. Одурбодагон – номи шаҳристоне аст, ҳамчунин маънии сӯй, самтро мефаҳмонад, яъне тарафи Одурбодагон – самти Шимол. Отур – оташ; под – аз феъли поидан, яъне «пояндаи оташ». Дар Авесто Атерпата, дар паҳлавӣ Атурпаткан, юнонӣ Атропатене аст. Муарраби шакли форсиаш Озарбойҷон аст, ки ба ҳамин ном имрӯз ҷумҳурии мустақилест.
пешина
аз 314
навбатӣ