Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданДар бораи сарварии мардумону гӯсфандону ҳар чизе
- Дар бораи сарварии (паҳлавӣ: zādih) Зартушти, Н. К. «Тиштр-яшт», банди 46.
- Навъе бузи кӯҳии дуруштандом. 3. Давқ; сиёҳ, хокистарӣ, тира. 4. Н. К. «Баҳром-яшт», банди 9: савум бор, Баҳром дар колбади аспи сафеди зебое бо гӯшҳои зарду лагоми зарин дар омад.
- Бор ба маънои соҳил аст, чунонки дар номи зангбор ҳам дида мешавад.
- Зоҳиран, дарёи Садвисро манзур дорад, ки дар иртибот бо ситораи Садвис аст.
- Авесто: haoma huta -, санскрит soma suta. 8. Н. к. ёддошти 43 фасли қабл. 9. Dramnag; форсӣ драмана, гиёҳест худруву даштӣ ва иртифоаш то ним метр мерасад. Обу усораи он дар тиб мустаъмал аст.
- Gahl; форсӣ: гол, навъе арзан, говарс, вожаи мутародифи қаблӣ alum аст.
- Abar – kirrēnīdag Авесто: aipi. Kərəntəni. Бо таваҷҷӯҳ бар арзише, ки ба дарахти хурмо мениҳад, шигифтовар нест агар, бар мӯҳри Дориюши Ҳахоманишӣ дарахти хурмо чун мазҳарии шаҳриёрӣ дар пушти сари шоҳ дида шавад.
- Ҳар ду: hwcyst’n, Хузистон. Ғалат аз он ҷо ношӣ шудааст, ки нусханавис Портро Порс фаҳмида ва дар натиҷа кӯҳи Абарсинро дар Хузистон донистааст ва китобро тасҳеҳ карда.
Дар бораи чигунагии оташ - Авесто: Bərəzi – savah (бахшандаи) суди баланд, вале мумкин аст дар асл ба маънои «дорои равшании баланд» буда бошад. Дар матн ба имлои позанд омадааст, вале баробари он дар паҳлавӣ buland-sūd аст.
- Авесто: vohu. fryāna-, маҳбуби олӣ, ки баробару ҳаммаънои он дар паҳлавӣ hu-fryan аст. Номи дигари он дар паҳлавӣ veh franāftār аст ба маънои «нек роҳбар»:
- Авесто: urvāzišta-, ба маънои шодтарин, аз решаи urvaz ба маънои шод будан. Паҳлавӣ urwāzišt.
- Авесто: vāzišta- ба маънои беш (фароз) оваранда, паҳлавӣ wāzišt. Номи дигари он дар паҳлавӣ abzōnīg, ба маънои баракатбахшанда аст.
- Авесто: spəništ ба маънои муқаддастарин. Паҳлавӣ: speništ.
- Бар асоси маталаби омада дар «Гузидаҳои Зодспарам» (с. 4, банди 78) изофа шуд: uš ātaxs ī abzōnīg xwad andar garōdman be dād. Дар «Бундаҳишн» abzonig сифати оташи Спеништ оташмаобид мебошад. Аммо миёни оташи Березисава ва оташи Спеништ иртиботе ҳаст. Дар «Гузидаҳои Зодспарам» (с. 41, банди 82) омадааст, ки «баландсуд (= Березисава) низ дар осмон, он фарра (= шӯъла) аст, ки ӯро муқар дар Оташи Баҳром аст, чунонки хонахудойро (муқар) ба хона аст». Пас шигифт нест, агар ҳарду оташ abzōnīg баракатбахшанда, хонда шаванд.
- W h'l, wh'l, маъно ба ҳадс оварда шуд. Н. к. ёддошти 44 «Дар бораи бузургкирдории эзидони минӯӣ». Дар он ҷо ҳамин вожа ба ҳамин маънои ҳадсӣ ва бо имлои h'l меояд.
- ТД2: adur xwarrah. Озархварра ҳамон оташи Фарнбағ аст. 9. ТД1: k'lwyk'n; ТД2: kwhlwngk'n. Оташи Кориён дар форсӣ аст. 10. Asnawand, зоҳиран ҳамон кӯҳи Саҳанд дар Озарбойҷон аст. 11. Кӯҳи Реванд дар Хуросон, дар ҳудуди Нишопур аст. 12. Ин ҳамон матлабест, ки дар ёддошти 6 омад. 13. Яъне барои падид овардани ҳар як аз се оташ Фарнбағ, Гушнасбу Бурзинмеҳр бояд як ҳазор оташро аз ҷой-ҷой фароҳам оваранду бо дуо (=ниранг) ва Заваҳру одоби бисёр оташе воҳидро барафрӯхту чун чунин афрӯхта шуд, он гоҳ оташи Березисава, - ки минуи оташон аст ва дар назди Ҳурмаздхудой дар Гарудмон қарор дорад – аз осмон бад-он оташи заминӣ фуруд хоҳад омад, ки дар ҳақиқат равони он оташ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор