Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Авесто: wanghu. dāītī, паҳлавӣ: weh/wehdāītī/daītī. 3. Xwārēnd, дар паҳлавӣ миёни хӯрдану хордан [навишти арабӣ бо вови маъдула] тафовути маъно вуҷуд дорад ва дуввумӣ маънои нӯшидан медиҳад. Дар форсӣ низ осоре аз ин тафовут дар вожаҳои майхора ва ширхора мавҷуд аст.
- Šnāyēnīdārīh. 5. Порсии бостон: tigrā-, паҳлавӣ digtal/diglat, Даҷла, акадӣ: ldiklat, дар Китоби муқаддас: Hiddekel.
- Порсии бостон: hufrātav паҳлавӣ frāt, Фурот, акадӣ: Purratu, дар Китоби муқаддас: Perath.
- Даитирӯд ҳамон Даити аст, вале дар ин матн ва бахши он Веҳрӯдро аз Даитирӯд ҷудо донистааст.
- Wātaēnī. 9. Turmed, оё бо Тирмиз марбут аст? 10. Paydāg-wandiš. 11. Авесто: drəijā-; паҳлавӣ: dārāja. 12. Ҳар се дастнавис изофа доранд: pyt’k’ vainaidiš, ки ҷузъи дувум ба позанд имло шудааст.
- Cihrōmehn|mēhn.
- Ин унвон танҳо дар ТД2 омадааст, аммо матлаби баъдиро дар бораи рӯдҳои номвар дунболаи матлаби қаблӣ мепиндорем.
- Ҳар се: swlk bwm; аммо маъмул: sūrigbum; swlyk. Дар тафосири паҳлавӣ номи авестоии subo. Šayana- ба сурати sūrīg mānišn омадааст, ки дар ин матн ба ҷои Манишн, бум омадааст. Дар «Бундаҳишн» (ТД2, Р. 205, 1. 11) дашти Суриманишн бо Байнаннаҳрайн яке нигошта шудааст, ки онро ба ҷои Осуристон гирифтаанд ва маҳалли онро Бағдод донистаанд. Табдили Суғд ба Сур таҳаввуле табиист ва d ё b пасин метавонад дар лаҳҷаҳои шарқӣ табдил ба r шавад, монанди Испандиёд = Исфандиёр.
Аммо вожаи Гом, дар Авесто gava – номи кӯҳани сарзамини Суғд аст. Дар «Бундаҳишн» ин вожа дар чанд маврид ба имлоҳои гуногун омадааст: дар ТД1 (71-12) ва ТД2 (86-12): q' m; ҳамин вожа дар ДН (46-1) ДН ба сурати q' mp омадааст. Дар ТД1 (88, 10): q's, ТД2 (107): q' h ва дар ДН (58-9) ба сурати дурусти q' y имло шудааст. Имлои q'y худ таҳаввуле аз qava-и авестоиро медиҳад. Ҳамин вожа q'y чанд сатр поинтар аз мавриди охир ба сурати сифати ҷамъ gāyīgān ба маънои суғдиён ба кор рафтааст.
Имлои d,m ҳолати мафъулии бевоситаи авестоии дант гирифта шудааст. Бад-ин гуна дар канори номвожаи Суғд, номвожаҳои gām / gām ва gay-ро дорем ва дар баробари сифати суғдӣ вожаи dayid-ро. Табъан, sūrig низ худ сурате аз Суғд аст.
Дар банди 100 матни «Хусрави Қубодон ва ридаке» бо бораҳои spst'nyk бармехӯрем. Дар зимни қироат ва тарҷумае, ки оқои Муншизода аз ин матн додаанд ва мутаассифона дорои иштибоҳоти бепоёне аст, танҳо қироату тавзеҳи ин вожа дурахшон ба назар мерасад. Эшон онро ба ҷои шабистоне, ки тарҷумаи маъмули он будааст, gawistānīk мехонанд ва суғдӣ маъно мекунанд. (Н. к. . 22 низ н. к. китоби ҳозир, фасли «Дар бораи сарварии кишварҳо, ёддошти 9». Дар тарҷумаи ҳозир Суриг ва Гайро Суғд овардаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор