Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданДЕБОЧА
- Harvisp-āgāh, огоҳ бар ҳамаи умур. 2. Hēk-jahišn. 3. Ҳар се: twd, ба ҷои ТВ 4. Māh-windād, аз Анушервон то Шаҳриёр, исми хос ва шояд исми фарзанду падару ҷад бошад.
- Ҳар се: YKYBWN, шояд ба иллати мутааххир будани муқаддима, зери таъсири форсӣ, ба ҷои он ки аз вожаи nibēg истифода шуда бошад, ки маънои китобу рисола дорад, аз вожаи форсии нибишта ва навишта истифода шуда ва онро бо ҳузвориш навиштаанд. Ҳатто дар ин сурат низ мебоист вожаи YKYBWn-t, имло мешуд: nibišta.
- Ҳар се: āzarmīgišn, ба ҷои āzarmīgīh, эҳтиром, озарм. 7. Ānāft ud wirēzān. 8. ТД1 ваТД2: MRY'-ng's'. 9. PDN. 10. Hu-čamagīh, вожаи баъд: mynšn wyh. 11. Čim-saxwan, сухани мантиқӣ ва мустадал. 12. Pādram. 13. Abarmānīgāh, ашроф, бузургон. 14. Ҳар се: I'm W Iystk; мӯҳтамилан: brahm ud ristad. 15. Ērang. 16. Dwš-cyhlkyh.
БАХШИ 1 - Дастнависҳо: bwnd’’tyh: шояд имлои ғалат барои bun-dahišnīh. 2. Zadār-kāmagīh, ба маънои майл ба нобудгарӣ аст. Zadār (сифати фоилӣ аз задан) ва мутародифи он ganāg, ки худ сифати фоилӣ аст. Ҳарду аз решаи gan ба маънои аз миён бурдану нобуд кардан аст. Ин амр, ки ganāg-ро ganāg мехонанд ва онро бо ганду бадбӯӣ марбут мекунанд ва маънои бадбӯӣ аз он мегиранд, бо асотири Зартуштӣ ва бо задоркомагӣ, ки зикри он рафт – дарнамеояд, зеро дар матнҳои паҳлавӣ ҳама ҷо аз Аҳриман бо сифати ēbgad (муҳоҷим), zadārkāmag (дорои коми нобудгар), petyārag (муҳоҷим) сухан меравад на аз бадбӯӣ! Дар матни ҳозири форсӣ ҳама ҷо ба ҷои gannāg-mēnōg Аҳриман оварда шудааст. Н. к. с.56: Гуноҳе, ки аз миён бурдан аст.
- Xēm, дар форсии миёна ба маънои сиришту шахсият аст. 4. Ҳар се: h'n, ба ҷои dw'n, dō-ān ва duwān, чамъи ду. 5. Ишора ба паймонест, ки дар ривоёти зарвонӣ зикри он меравад ва бинобар он дар оғоз чун Аҳриману Ҳурмузд аз шиками Зарвон берун омаданд, Зарвон қароре гузошт, ки бинобар он салтанати ҷаҳон аз они Аҳриман бошад ба нуҳ ҳазор ва сипас подшоии комили Ҳурмузд фаро хоҳад расид ва низ нобудии офаридагони Аҳриман бад-он гоҳ хоҳад буд.
- Ҳар се: QDM ба ҷои MH. 7. Hamāg-pursišnīg аз масдари пурсидан ба маънои истихбор, иттилоъ, пажӯҳидану огоҳӣ хостан, зоҳиран бояд ба маънои хабир, огоҳу мутталеъ ва баробари вожаи англисии wellinformed бошад. Макензи (СРД) вожаи pursišnīg-ро ба пайравӣ аз Занер (ZZD) responsible маъно кардааст, ки бо матлаб чандон марбут ба назар намерасад.
- ТД2, ДН: 'p'lk; ТД1 'p'lkyh: ба ҷои 'p'lwnyh. 9. Ahunawar, дуоест Зартуштӣ, ки сахт муқаддас дошта мешавад. Н. к. «Пажуҳише. . . »
- Н. к. Ҳамон. 11. Ganāg-mēnōg az bīm tan andar hanjīd, тан даркашидан ба маънои дар ҳам фурӯ рафтан, худро ҷамъ кардан, худро дар ҳам фушурдан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор