Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ардашер, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи замин, мегӯяд:
    «Ин кох ва ин пилакони сангиро {ман сохтам}». 3. Аҳурамаздо {...}».
    III
  2. «Ман Ардашер ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  3. Ардашершоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо ман ин кохро сохтам, ки дар давраи зиндагиям вақф кардам.
  4. Аҳурамаздо, Аноҳито ва Митра маро аз тамоми бадиҳо бипоянд, низ ҳар он чи ман сохтам».
    КАТИБАҲОИ АРДАШЕРИ СЕВУМ*
    Катибаи тахти Ҷамшед
  5. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, хушбахтиро барои мардум офарид, ки Ардашерро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, танҳо фармонраво аз бисёр.
  6. Ардашер, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, мегӯяд: «Ман писари Ардашершоҳ ҳастам, Ардашер писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Ардашершоҳ, Ардашер писари Хшайоршошоҳ, Хшайоршошоҳ писари Дориюшшоҳ, Дориюш писари Виштоспа ном, Виштоспа писари Аршома, ҳахоманишӣ».
  7. Ардашершоҳ мегӯяд: «Ин палаи сангӣ тавассути ман, дар замони ман1 сохта шуд».
  8. Ардашершоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо ва эзади Мисра маро бипоянд, ҳамчунин ин мардумро ва он чи тавассути ман сохта шуд {...}».
    КАТИБАҲОИ СОСОНӢ*
    Катибаи Ардашер Попакон
    Ин пайкари маздопараст Бағ (Худой) Ардашери шоҳон шоҳи Эрон, дорандаи нажод аз Худоён, писари Бағ (Худой) Попакшоҳ.
    Сангнавиштаи Шопури Ардашер
    (дар Ҳоҷиобод)
    Тирандозе ин ман маздоясн1, Бағи Шоҳпур, шоҳаншоҳи Эрон ва анерон2, аз нажоди эзадон, писари маздаясн Бағи Ардашер, шоҳаншоҳи Эрон, наваи Попакшоҳ – чун мо ин тирро андохтем, ин тир пеши шаҳрдорон ва виспурон (шоҳзодагон) ва бузургон ва озодон андохта шуд. Ва мо пой дар ин дара ниҳодем ва тире ба сӯи нишона ва дуртар аз он афкандем. Он ҷо, ки тир афтод, он чунон набуд, ки агар нишонае сохта шавад, аз берун пайдо бошад.
    Пас мо фармудем, ки нишонае берунтар, ки пайдо бошад, сохта шавад. Ҳар киро даст некаст, пой ба ин дара ниҳад ва тир ба он нишона афканад, пас ҳар ки тавонад, тир ба он нишона бияфканад, дасташ барои тирандозӣ хуб аст.
    Сангнавиштаи Шопури Ардашер
    (Нақши Раҷаб)
    Пайкари ин маздаясн (=худопараст) Бағи Шоҳпур шоҳаншоҳи Эрон ва анерон (ғайриэрон) аз нажоди эзадон, писари маздаясн Бағи Ардашер шоҳаншоҳи Эрон, аз нажоди эзадон наваи Попаконшоҳ.
    Катибаи Шопури Саконшоҳ – писари Ҳурмузд ва бародари Шопури дувум
    Дар моҳи исфандормаз ба соли 22 подшоҳе худойпарасти худойгон Шоҳпур шоҳаншоҳи Эрон ва ғайри эрон, ки нажоди ӯ ба худоён пайвастааст.
    Бад-он замон, ки Шоҳпури Саконшоҳ подшоҳи Ҳинд (мурод Синд аст) ва Систон ва Тахористон1 дабирони дабир писари худопарасти худойгон Ҳурмузди шоҳоншоҳ... аз даргоҳи худойгони мазкур намоз бурда, мураххас гардид ва ба ин роҳ бар Истахр андар сӯи Систон шуд ва ба муборакиву савоб бар Садсутун омад, пас ҳам андарин кох ғизо хӯрд, пас Баҳром писари Нахр (Нахв - ?) ва Ҳурмузд андарзбади Систон ва Нарсӣ писари Мағуи гурозон ва... Писари Рев Меҳрон шутурпони Заранг ва Нарсии дабир ва дигар форсиёни озод ва Систониёни озод ва мардуме аз шаҳри Заранг фиристодаи ҳамаи Фодуспонон назди ӯ омаданд ва марҷон бо онон буд.
пешина
аз 314
навбатӣ