Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Ростӣ: Ин хости ман аст; ман дӯсти марди дурӯғгӯй нестам; ман тундхӯ нестам; он чи дар як мунозиа барои ман рух медиҳад, онро бо қувват дар андешаам пос медорам, бо қувват худро маҳор мекунам.
- Марде, ки ёрӣ мекунад, ман ӯро баста ба ёрияш мепоям; он ки осеб расонад, ман ӯро баста ба осебаш танбеҳ мекунам, на маро ком аст, ки марде осеб расонад; ва низ на маро ком аст, ки агар касе осеб расонад, танбеҳ нашавад.
- Марде, ки дар бораи марде дигар мегӯяд, он маро қонеъ намекунад; то он ки гувоҳии ду танро бишнаберам.
- Он чи як мард мекунад, ё ҳангоме ки баста ба дороияш чизе меоварад, ман аз ӯ хушнуд мешавам ва хушнудии ман бисёр аст ва розӣ ҳастам ва ман ба мардони вафодор чизҳое бисёр медиҳам.
- Қувваи дарк ва иродаи ман бад-ин сон аст: Замоне, ки ту бубинӣ ё бишнавӣ, он ман дар кох ва дар урдугоҳи сипоҳиён кардам, ин аст тасаллуте, ки ман дорам бар рӯҳам ва қувваи даркам.
- Ин тасаллут, ки ман дорам, ҳамон чизе аст, ки ҷисмам метавонад бикунад: дар мақоми ҷангҷӯ, ҷангҷӯи хубе ҳастам ҳамин ки қувваи даркам ҷои худро биёбад, ҳангоме ки як ёғиро мебинам, ҳангоме ки ӯро намебинам, ба юмни қувваи даркам ва иродаам, бар тарси худ ғалаба мекунам.
- Замоне, ки як ёғиро мебинам, монанди замоне, ки ӯро намебинам, ҳам бо дастҳо ва ҳам бо поҳо варзида ҳастам; дар мақоми саворкор, саворкори хубе ҳастам; дар мақоми камондор, камондори хубе ҳастам, чи пиёда чи савора; дар мақоми найзадор, найзадори хубе ҳастам, чи пиёда чи савора.
- Ин вижагиҳое аст, ки Аҳурамаздо ба ман бахшид ва ман тавонистам онҳоро ба кор гирам: Ба хости Аҳурамаздо, он чӣ кардам бо ин вижагиҳое, ки Аҳурамаздо ба ман бахшидааст, онро кардам.
- Аҳурамаздо маро бипояд ва низ он чиро кардам.
КАТИБАҲОИ ШУШ1
I
Хшайоршо, шоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, Дориюшшоҳ, падарам, ин кохро сохт».
II
«Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳо, шоҳи замин, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
III
«Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
IV
Хшайоршошоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, Дориюшшоҳ, падарам ин равоқро сохт».
V - «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи сарзаминҳо, шоҳи замин, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
- Хшайоршо, шоҳи бузург мегӯяд: «Ҳар он чӣ дар ин ҷо кардам ва он чӣ дар ҷои дигари рӯи замин кардам, инҳо ба дасти ман анҷом шуд; ҳар он чӣ ман кардам, ман онро бо ёрии Аҳурамаздо кардам».
«Дориюшшоҳ, падарам, ба хости Аҳурамаздо, корҳои хуб бисёр кард ва фармон дод ин мавзеъро бикананд; аз он ҷо, ки фармон надод, катиба бинависанд, он гоҳ, ман дастур додам, ки ин катибаро бинависанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор