Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

аз сарат) бошӣ, ӯ додеро риоя бикун ки Ахурамаздо муқаррар карда; [ва] Аҳурамаздоро ёд бикун (бипараст) або Артаи Бразманй. Касе (айнан: марде) ки у додеро ки Ахурамаздо муқаррар карда, риоя кунад ва Аҳурамаздоро ёд кунад або Артаи Бразманӣ – ӯ ҳам ба зиндагӣ шод (хушбахт) бувад ва ҳам пас аз сараш артавӣ бувад.
Хшайоршои шоҳ мегӯяд: бошад ки маро Аҳурамаздо бипояд (нигоҳ дорад) аз бадӣ ва дарборамро ва ин диҳҳоро (кишварро)! Инро ман аз Аҳурамаздо хоҳонам (илтиҷо мекунам). Бошад ки Аҳурамаздом бидиҳад!
Катибаҳои Алванд ва Ҳамадон1

  1. Аҳурамаздо Худои бузург аст, бузургтарини Худоён, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  2. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
    Катибаҳои тахти Ҷамшед1
    I
  3. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  4. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон аз таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  5. Хшайоршо мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, ман ин «равоқи тамоми мардум»-ро сохтам; (сохтмонҳои) хуби2 бисёре низ вуҷуд дорад, ки сохта шуд дар ин Порс, ки худи ман сохтам ва падарам сохт3; ҳар он чи афзун бар ин сохта шуд, ки хуб ба назари ман меояд, ҳамаи инҳоро мо ба хости Аҳурамаздо сохтем».
  6. Хшайоршо мегӯяд: «Аҳурамаздо маро ва шаҳриёрии маро бипояд ва он чиро ман кардам ва он чиро падарам кард, Аҳурамаздо инҳоро низ бипояд».
    II
  7. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  8. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
  9. Хшайоршо, шоҳи бузург мегӯяд: «Он чӣ ман дар ин ҷо4 кардам ва он чӣ ман дар ҷои дигар кардам, ҳамаи инҳоро ба хости Аҳурамаздо кардам».
  10. Аҳурамаздо маро бипояд, бо Худоён ва низ шаҳриёрии маро ва он чиро ман кардам».
    III
  11. Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Хшайоршоро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
  12. «Ман Хшайоршо ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Дориюшшоҳ, ҳахоманишӣ».
пешина
аз 314
навбатӣ