Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

IV
Дорои шоҳ мегӯяд: ин [аст ҳама он чизе] ки аз ҷониби ман карда шуда ба Бобул.
Дорои шоҳ мегӯяд: ин [ҳама он чизе] ки ман кардам ба бузургии Аҳурамаздо ҳама танҳо дар [ҳудуди] як сол [аст], пасон аз он ки ман шоҳ будам. 19 корзор кардам, ба бузургии Аҳурамаздо ман бизадамшон (торуморшон кардам) ва 9 шоҳро гирифтор (дастгир) кардам. Як Гаумата ном магуш буд. Ӯ дурӯғ гуфт (фиреб кард [мардумро] чинин гуфта: «Ман Бардиаам ки пури Куруш [аст]». Ӯ Порсро ошубгар гардонд. Як Отрина ном хузистонӣ [буд]. У [мардумро] фиреб кард, чинин гуфта: «Ман шоҳам дар Хузистон». Хузистонро ошубгар гардонд ба ростои ман. Як Надинтабайра ном Бобулӣ [буд]. Ӯ [мардумро] фиреб кард, чинин гуфта: «Ман Набукудрачараам ки писари Набунайта [аст]. Ӯ Бобулро ошубгар гардонд (кард). Як Мартиа ном порс [буд]. Ӯ [мардумро] фирефт чинин гуфта: «Ман Иманишам. Шоҳ дар Хузистон». Ӯ Хузистонро ошубгар гардонд. Як Фравартиш ном Мод [буд]. У [мардумро] фирефт (дурӯг гуфт) чинин гуфта: «Ман Хшатритаам аз парвази Увахштра (Киаксарес)». Ӯ Асагартиаро ошубгар гардонд. Як Фрода ном Моргавӣ [буд]. Ӯ фирефт (дурӯг гуфт) [мардумро] чинин гуфта: «Ман шоҳам дар Маргиана». У Маргианаро ошубгар кард. Як Ваҳйаздота ном порс [буд]. У [мардумро] фирефт, чинин гуфта: «Ман Бардиам, пури Куруш». У Порсро ошубгар кард. Як Арха ном арманӣ [буд]. У [мардумро] фирефт, чинин гуфта: «Ман Набукудрачараам ки пури Набунайта [аст]». Бобулро ошубгар кард.
Дорои шоҳ мегӯяд: ин 9 шоҳро ман дар он корзорҳо гирифтор кардам.
Дорои шоҳ мегӯяд: ин аст он диҳҳо ки ошубгар буданд. Фиреб (дурӯғ)-шон ошубгар кард чи онҳо мардумро фирефтанд (дурӯғ гуфтанд). Пасон Аҳурамаздо ба дасти маншон биспард. Ҳар чӣ маро хоҳиш буд (коми ман буд) бад-ишон кардам.
Дорои шоҳ мегӯяд: «ту ка шоҳ пасон хоҳӣ буд, аз дурӯғ (фиреб) ҳар чӣ метавонӣ хешро нигоҳ бидор. Марде ки у бо дурӯғ гироиш хоҳад дошт, ӯро бо пурсиши хуб (чазои сазовор) бипурс (ҷазо бидеҳ) агар мепиндорӣ ки: «Бошад ки кишварам дуруст (бехатар) бошад!».
Дорои шоҳ мегӯяд: ин ки кардаи ман [аст] ба бузургии Аҳурамаздо [ҳамагӣ] дар [худуди] танҳо як сол бикардам. Ту ка [одами] ойинда [хоҳӣ буд] ин дипиро (катиба) хоҳӣ хонд, ки кардаи ман [аст], [биё] да бовар бикун аз ӯ, бошад ки ту дурӯғиш мапиндорӣ.
Дорои шоҳ мегӯяд: ман тез рӯ ба Ахурамаздо овардам чи ӯ рост [аст] на дурӯғ. Ман ин [корро] худи хамон сол [-и аввал] кардам.
Дорои шоҳ мегӯяд: ба бузургии Ахурамаздо аз [ҷониби] ман [чизҳои] бисёри дигар низ карда (шуда) аст. Он[ҳо] дар ин нонавишта [аст] ки мабодо [он ка] ойинда [ин дипиро] хоҳад хонд, фаровониш бинамояд чизи кардаи ману аз ин бовариш наояд ва дурӯғиш бинамояд.

пешина
аз 314
навбатӣ