Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дорои шоҳ мегӯяд: Партава (Парфия, Паҳла) ва Вирканиа(Гургон) ошубгар буданд ба ростои ман. [Хешро] аз [они] Фравартиш мегуфтанд. Виштосп - падари ман ба Порт буд - ӯро мардум бигузошт[у] ба ростои ӯ ошубгар буд. Пасон Виштосп або сипоҳе ки ёрони наздикиш буд[анд], бишуд [ба...]. Виспаузотиш ном шаҳраке[ст] дар Порт -дар ҳамон ҷо корзор кард або паҳлавиён (портиён) Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо Виштосп у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Ҳин, аз моҳи Вийахна 22 рӯз гузашта буд ки корзор карда шуд.
III
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман сипоҳи порсиро назди Виштосп фиристондам аз Рага (Рай). Чун у сипох назди Виштосп фаро расид, пасон ӯ сипоҳ аз ҷониби Виштосп пазируфта гашт ва ӯ [ба...] бишуд. Патигирбайа ном шаҳраке[ст] дар Порт - ҳамон ҷо у Сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Аз моҳи Гармапода як руз гузашта буд ки бо-шон корзор карда шуд.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон[у] диҳ аз [они] ман буд. Ин аст [он чизе] ки аз [ҷониби] ман ба Порт карда (шуда).
Дорои шоҳ мегӯяд: Маргуш ном диҳ[ест] -ӯ ба ростои ман ошубгар буд. Марде[ст] маргуши Фрада ба ном - уро миҳтаршон гумоштанд. Пасон ман Додаршиш ном порс - бандам хеш хшатрапаванти (сатрап) Бохгишро бар алайхи ӯ фиристодам. Ин бигуфтамиш: «Бирав он сипоҳеро ки хеш ро аз [они] ман намегуянд, бизан (бикуш)». Пасон Додаршиш або сипох ба [...]
бишуд, корзор кард або маргиюшиён. Аҳурамаздом ёрӣ бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Аз моҳи Отриёдиа 13 рӯз гузашта буд ки абошон корзор карда шуда буд.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон [у] диҳ аз [они] ман буд. Ин аст [он чизе] ки аз [чониби] ман ба Бохтриш карда [шуда]. Дорои шоҳ мегӯяд: марде Ваҳйаздота ба ном - Торава ном шахраке, Йаутиа ном кишваре ба Порс [аст] он ҷо мезист, ӯ дубора ошуб барпо кард ба порс. Мардумро ӯ чинин гуфт: «Ман Бардиаам писари Куруш». Пасон сипоҳе ки ба дарбор аз Йадойа (Аншан) пештар [омада буд] ба ростом ошубгар буд; або ӯ Вахйаздота бишуд. Ӯ шох буд ба Порс.
Дорои шоҳ мегӯяд: пасон ман сипоҳи порсӣ ва модиро ки зий ман буд, фиристодам. Артавардиа ном порс бандаи хешро (айнан: манро) ба саршон миҳтар (сарвар) кардам. Ӯ пораи дигари сипоҳи порсӣ пас аз ман ба Мод бишуд. Пасон Артавардиа або сипоҳ ба Порс бишуд. Чун ба Порс фаро расид, - Раха ном шаҳраке ба Порс[аст] аз ҳамон ҷо ӯ Ваҳйаздотаи худро Бардиа гуфта (хонда) биомад то або сипох [- и хеш] ба Артавардиа корзор кунад. Пасон корзор карданд. Аҳурамаздом ёрӣ бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман ӯ сипоҳи Ваҳйаздотаро бизад (бикушт) бас. Аз моҳи Тураваҳара 12 рӯз гузашт буд ки або-шон корзор карда (шуда). Дорои шоҳ мегӯяд; пасон ӯ Вахйаздота бо суворони кам гурехт ба Пайшиуводо бишуд. Аз он ҷо сипоҳеро азхудӣ кард, сипас аз он ҷо биомад то ба Артавардиа корзор кунад. Парга ном кӯҳистон[аст] - ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Ахурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи Ваҳйаздотаро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Аз моҳи Гармапада 5 рӯз гузашта буд ки абошон корзор карда (шуд). Ва ӯ Ваҳйаздота гирифта шуд ва мардоне ки пештар ёриш буданд, [низ] гирифта шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор