Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
II Дорои шоҳ мегӯяд: пасон Надинтабайра або суворони кам ба Бобируш (Бобул) бигурехт. Ӯ ба Бобируш бишуд. Пасон ман ба Бобируш бишудам. Ба бузургии Аҳурамаздо ман ҳам он Бобирушро гирифтам (ва) ҳам ӯ Надинтабайраро гирифтам (гирифтор кардам). Пасон ӯ Надинтабайраро ман ба Бобируш бикуштам.
Дорои шоҳ мегӯяд: он замон ки ман ба Бобируш будам, ин диҳҳо аз ман нофармон бишуданд: Порс, Увҷия (Элам ё Хузистон), Мод, Ассириа, Миср, Порт (Парфиа), Маргуш, Сатагуш, Сака (Скифиа).
Дорои шоҳ мегӯяд: Мардиа ном марде буд, пури Чичахриш. Дар Куганака ном шахраки Порс - меистод — аз хамон [ҷо] ошуб бар хезонд. Ба мардуми Хузистон ӯ чинин гуфт: «Ман Иманишам - шоҳи Хузистон».
Дорои шоҳ мегӯяд: дар он ҳангом ман ба Хузистон [ки] наздик будам, хузистониён аз ман битарсиданду Мартиаро ки михтар (сарваршон) буд, гирифтор карданд (бигирифтанд) ва бикуштандаш.
Дорои шоҳ мегӯяд: Фравартиш ном марди модие буду аз Мод ошуб бар хезонд. Мардумро чинин гуфт: «Ман Хшатритаам аз тухмаи (парваз) Увахштраҳ (Киаксар)». Пасон сипоҳи модӣ ки ба вис (дарбор, дар) [буд]-у [онҳо] ба ростои ман ошубгар гаштанд бо ӯ Фравартиш бишуданд. Ӯ шоҳ буд ба Мод.
Дорои шоҳ мегӯяд: сипоҳи порсиву модӣ ки бо ман буд - ӯ кам [ки] буд, пасон ман сипоҳ фиристондам Видарна ном порс бандаи (гумоштаи) хешро ба [сар]-шон миҳтар (сарвар) карда. Ин бугуфтамшон: «Биравед[у] ӯ сипоҳи модиро ки худро аз [они] ман намегӯяд, бизанед (бикушед)!» Пасон ӯ Видарна або сипоҳ бишуд[...]. Чун ба Мод фаро бирасид, - дар Мод Моруш ном шаҳраке [ст] - он ҷо корзор кард бо [сипоҳи] модӣ. Оне ки миҳтари (сарвар) Модҳо буд – ӯ ҳангом он ҷо набуд. Аҳурамаздо ба ман ёрӣ бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман он сипоҳи ошубгарро бикушт бас (сарбасар). Рӯзи 27-уми моҳи Аноманака гузашта буд ки бо-шон корзор кардам. Пасон ӯ сипоҳи ман - дар Мод Кампанда ном диҳе[ст] - ҳамон ҷо бимонд [ҳайрон], то ман ба Мод расидам.
Дорои шоҳ мегӯяд: Додаршиш ном арманӣ бандаи ман [аст]-уро ман (ба) Арминиа фиристодам. Чининиш бигуфтам: «Бирав туву сипоҳе ки нофармон [асту], худро аз [они] ман намегуяд - ӯро бизан (бикуш)». Пасон Додаршиш бишуд. Чун ба Арминиа бирасид, ошубгарон фароҳам омаданд то або Додаршиш корзор кунанд. Зузах ном рустое[ст] дар Арминиа - дар ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ бидодам. Ба бузургии Ахурамаздо сипоҳи ман у сипоҳи ошубгарро бизад (бикушт бас (сарбасар). Ҳин, аз моҳи Тураваҳара 8 рӯз гузашта буд ки бо шон (ба саршон) корзор карда шуд.
Дорои шоҳ мегӯяд: бори дуюм ошубгарон фароҳам омаданд алайҳи Додаршиш то корзор [бо-ш] бикунанд. Тигр ном диз[ест] ба Арминиа - ҳамон ҷо корзор карданд. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод. Ба бузургии Аҳурамаздо сипоҳи ман ӯ сипоҳи нофармонро бизад (бикушт) бас (сарбасар). Ҳин, аз моҳи Тураваҳара 18 рӯз гузашта буд ки бо-шон корзор карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор