Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бад-ин рӯй гӯянд, ки Ҳурмазд ситораи зиндагӣ ва Кайвон ситораи марг аст, ки Ҳурмазд ба сабаби нотавонӣ дар баробари душман, он бахшад, ки душманро ком аст: зиндагӣ, равоӣ15 ва хоста диҳад. Кайвон ба сабаби чирагӣ бар душман он кунад, ки мухолифи ин аст: марг, табоҳӣ ва дарвешӣ; бад-ин рӯй16 патёра аст.
Гӯяд, ки Аноҳид оби сиришт аст, зеро душманаш, Садвис, оби сиришт аст. Тирро боде хонанд, зеро душмани ӯ Тиштр, боду боронсоз аст17.
Дигар ин ки то омадани Аҳриман шаш ҳазор сол замон гузашта буд. Се ҳазор сол ба минуӣ ва се ҳазор сол ба сурати моддӣ. Дар покӣ, он шаш ҳазор сол аз Барра то Хӯша, ҳар ахтаре як ҳазор сол шоҳӣ кард. Чун шоҳии ҳазора ба Тарозу омад, ки нишебони нишеби18 Меҳр аст, патёра аз зер дартохт. Кайвон ба Тарозу ҷаст, бо болисти хеш. Ба сабаби будан ба Тарозу, Кайвон шоҳии ҳазораро пазируфт, зеро Тарозу ва болисту Барра (нишеби) Кайвон, шоҳи торикӣ, аст. Меҳр худои равшанӣ аст, бо торикӣ душман аст. Бад-он гуна низ Тарозу болисти Кайвону нишеби Меҳр, Барра болисти Меҳр, ва нишеби Кайвон аст. Ба сабаби дароздастии юғи Кайвон19 ва низ он (будан дар) тарозу, дар он ҳазора мардум баландтару бузургтар буданд. Низ Хуршед худои равшанӣ, бар фарози ҳамаи ахтарону Кайвон, шоҳи торикӣ бар фарози ҳамаи абохтарон истоданд.
Пас аз он ҷо, ки Хуршед фароз рафт то боз бад-он ҷой омад, ба соле баршумурда шуд: сесаду шасту панҷ рӯзу панҷ замон ва хурдае, ки ҳар рӯзе бисту чаҳор замон аст ва ниме торик, ниме равшан, ки шабу рӯз бошад ва панҷ ҳангоми шабонарӯз (низ) падид омад. Чунин ки набарди ҳар офарида бо душмани хеш аст, ҳамон гуна низ рӯз бо шаб (набард кунад), зеро шаш моҳ аз шаб ба рӯз афзояд; дар баробар, шаш моҳ аз рӯз ба шаб афзояд.
Ахтаршумориҳои дигар низ вуҷуд дорад, аммо равшантарин он аст, ки аз беҳдини маздаясно пайдост.
Ин нишонае дар осмон, ки (онро) Роҳи Ковусон хонанд ва Роҳи Гузаҳрмор, чунон аст (ки) дар (бахши марбут ба) сипеҳру болотар тафсил карда бошад.
БАХШИ ҲАШТУМ
Дар бораи набард кардани офаридагони гетӣ ба муқобилаи Аҳриман
Дар «Дин» гӯяд, ки Аҳриман чун дартохту офариниши ҳадафманди офаридагони (Ҳурмазд) ва пирӯзии эзидону безӯрии хешро дид, бозгаштанро орзу кард. Минуи Осмон артишторе арванд, ки зиреҳи филизин дорад, ки худ Осмон аст, муқобилаи (бо) Аҳриманро муҳайё сохту таҳдид кард1, то он ки Ҳурмазд боруе сахттар аз осмон, перомуни осмон бисохт. Ӯ фраваҳри артишторони парҳезгору гурдро савора2 ва найза ба даст, перомуни он бору он гуна бигуморд, дуруст монанди мӯй бар сар, ба монанди онон, ки боруеро посбонӣ кунанд3. Он боруеро, ки он парҳезгорон бад-он истанд, огоҳии парҳезгорон хонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор