Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

∗∗∗∗
Кӯҳи Албурз перомуни ҷаҳон, кӯҳи Тирг миёни ҷаҳон аст. Хуршедро (дар) перомуни ҷаҳон, чун афсар10 (е) гардиш аст (ки) ба покӣ (бар) забари кӯҳи Албурзу перомуни Тирг бозгардад. Чунин гӯяд, ки: «Тирги Албурз он аст, ки Хуршед, Моҳу ситора(гони) ман аз паси (ӯ) бозгарданд», зеро ба Албурз яксаду ҳаштод равзан аст ба Хуросону яксаду ҳаштод ба Ховарон. Хуршед ҳар рӯз ба равзане дар ояд, ба равзане бишавад. Моҳу ахтарону низ абохтаронро ҳама банду ҳаракат бад-ӯст. Ҳар рӯз (бар) се кишвару ним ҳаметобад. Чунон ба чашмдид пайдост, ки ҳар соле ду замон рӯзу шаб баробаранд, зеро ба оғози набард, ҳангоме ки (Хуршед) аз нахустин хурда (бурҷ)и Барра фароз рафт, рӯзу шаб баробар буданд (ки) ҳангоми баҳор аст; сипас, чун ба нахустин хурдаи Харчанг расид, рӯзҳо баландтарин (шуданд, ки) оғози тобистон аст; чун ба (нахустин) хурдаи Тарозу расид, рӯзу шаб баробар (шуданд, ки) оғози пойиз аст; чун ба (нахустин) хурдаи Буз расид, шабҳо баландтарин (шуданд, ки) оғози зимистон аст; дубора чун ба Барра расад, шабу рӯз боз баробар шаванд, чунки аз Барра фароз гардад то боз ба Барра расад, ба сесаду шаст равзан аст ва он панҷ рӯзи гоҳониро ба ҳамон равзан(ҳо) биёяду бишавад. (Рози ин панҷ) рӯзро нагуфтааст, зеро агар бигуфта буд девон роз бидонистанду газанд биандохтанд.
Аз он ҷо ки Хуршед ба рӯзи маҳист бар ояд то ба рӯзи кеҳ бар ояд11, Шарқ, кишвари Арзаҳ аст, аз он ҷо, ки ба рӯзи кеҳ бар ояд, то ба рӯзи кеҳ бишавад12 ноҳияи Нимрӯз, кишвари Фрададафшу ва Видадафш, аст. Аз он ҷо ки ба рӯзи кеҳ дар шавад то ба рӯзи маҳист дар шавад13, Ғарб, кишвари Сава аст. Аз он ҷо ки ба рӯзи маҳист бар ояд, то ба рӯзи маҳист дар шавад14, ноҳияти Шимол, кишвари Вурубарешан ва ниме аз Хварнирас табад. Чун ба он сӯи Тирг дар шавад, (бар) кишвари Сава ва Вурубарешану Вуруҷарешан ва ниме (дигар) аз Хванирас тобад. Ҳангоме ки ин ҷо рӯз аст, он ҷо шаб аст, зеро ба сабаби кӯҳи Тирг аст (ки) шаб пайдо шавад.
Дар оғоз, ҳангоме ки Аҳриман дартохт, чунон иттифоқ афтод, ки Меҳру Моҳи торик ба сабаби бастагӣ ба гардунаи Хуршеду Моҳ, гунаҳкорӣ натавонистанд кард ва Ҳафтаврангу Садвис аз Ҳурмазду Аноҳид фарои нерутар шуданду Ҳурмазду Аноҳидро аз канора кардан монеъ шуданд бад-ин рӯй, ахтаршуморон эшонро ба (номи) карефагар хонанд. Баҳром аз Вананду Кайвон аз Мехи гоҳ фарои нерутар шуданду эшонро гунаҳкорӣ пайдост, ва бад-ин рӯй ахтаршуморон эшонро базаҳгар бишуморанд. Тир, ки (ҳамон) Апаоши дев аст, бар Тиштр омад, ҳарду ҳамзӯру ҳамнеру гаштанд; бад-ин рӯй ахтаршуморон гӯянд, ки Тир бо карефагарон карефагар ва бо базаҳгарон базаҳгар аст. Бошад, ки чунин гӯянд, ки Апаоша Тир нест.

пешина
аз 314
навбатӣ