Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Кайгуштоспшоҳ аз Зартушт дин пазируфт.
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод ҳаҷдаҳ чиз ба ҳаҷдаҳ сол ба Хусрави Ҳурмузон расид.
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Баҳроми Варҷованд аз Ҳинд ба пайдоӣ омад.
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Пашутани Гуштоспон аз Кангдиз ба Эроншаҳр ояд ва дини маздояснонро роиҷ кунад.
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Хушедари Зартуштон ба биниш ва ҳампарсагии Ҳурмуздхудой расад ва дини маздиснонро аз Ҳурмуздхудой ба як бор биёмӯзад ва аз бар кунад (ба ҳофиза биспорад) ва хуршедро ба миёни осмон ба нимрӯз даҳ шабонарӯз боз гирад ва мардумонро нисбат ба дини маздиснон бегумон кунад ва ҳазораи Ҳушедарро бун2 бошад ва он Зартушт ба сар бувад.3
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Соми Наримонон аждаҳокро бикушад ва худ дар ҳафт кишвар ба худой (подшоӣ) биншинад, чанд (-е баъд) Кайхусрав падидор (ба дидор) ояд ва Сом подшоиро ба Кайхусрав бисупорад.
- Панҷоҳу ҳафт сол Кайхусрав ҳафт кишвар Худой буд ва Сушиянс мӯбадони мӯбад буд.
- Ва пас аз он ки Гуштосбшоро колбадманд кунад, Кайхусрав подшоиро ба Гуштосбшо супорад ва Сушиянс мӯбадони мӯбадиро ба Зартушт - падари хеш супорад.
- (Дар) моҳи фарвардин, рӯзи хурдод Ҳурмуздхудой растохези тани пасин кунад, (он гоҳ) ҷаҳони бемаргу пиринопазир ва беранҷу бепатиёра буд.
- Аҳриман бо девону дуруҷон ва (Аҳриман)зодагону состорон4 ва кайгону5 карабон6 нокор шаванд. Оздеви ҳама девон ва дуруҷонро ба хурд сурӯш аҳлӯ Оздевро нокор бикунад.
- Ҳурмуздхудой Аҳриманро бизанад ва гиҷу нокор бикунад.
- (Ба гунае) ки пас аз он на ганомену ва на дому диҳиши ӯ бар замин мусаллат набуданд.
- Аҳриманро ба ҳамон сӯрох (-е), ки андар тохт, баранд ва сар бубаранд ва дӯзахро ба ҳафт фулуз (музоб) анбор кунанд.
- Ин замин боз ба ситора поя шавад ва гарудмон аз он ҷой, ки ҳаст, боз ба ситора поя ояд ва ҳама ҷо гирудамон бишавад.
- Мардум бемарг ва пиринопазир бишаванд, ки пас аз он хӯриш набояд.7
- Ва агар (касе) гӯшт хӯрдааст, (ӯро) ба синни чиҳил сола барангезанд ва агар (касе) гӯшт нахӯрдааст, (ӯро) ба синни понздаҳсола барангезанд.
- Ононро аз он ҷой барангезанд, ки ҷонашон аз тан бошад.
- Ҳурмузд, ки (ӯро) зан нест, Сипандормуз (ӯро) зан диҳад ва ҳар зан, ки (ӯро) шӯй нест, Ҳурмузд (ӯро) шӯй диҳад.
- Андар панҷоҳу ҳафтсола(-гӣ) барои онон фарзандзоишӣ буд.
- Он мардро, ки ҳаргиз зан накард ва он занро, ки ҳаргиз шӯй накард, пас аз он беш ҳаргиз фарзандзоишӣ набуд.
- Мард ва зан яке бо дигаре осоянд, аммо ононро фарзандзоишӣ набуд.
- Ва ба ҳама гоҳ серу осуда бошанд ва (ононро) ба хӯриш чиз(е) низ орзу набошад ва ҷаҳон пок бишавад ва мардум ҳамеша бепатиёра ва ҳамеша (то ҷаҳон боқист), бемарг бишаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор