Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷовидон бод шоҳаншоҳ Ардашери Бобакон, ки ин андарз бигуфт! Анҷом бахшид!
ШАҲРИСТОНҲОИ ЭРОНШАҲР1
Ба ному нерӯ ва ёрии офаридгор Ҳурмузд ёди нек.
Шаҳристонҳое, ки дар сарзамини Эроншаҳр бунёд шуда-анд, дар рӯзҳои ҷудогона кадом шаҳриёр, ки бунёд кардааст, дубора ба ин ёдгор навишта шуд.
Дар сӯи Хуросон2 шаҳристонҳои Самарқандро Ковуси Каводон бунёд гузошт, Сиёвахши Ковусон анҷом дод. Кайхусрави Сиёвахшон он ҷо зода шуд ва ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро он ҷо нишонд. Пас Зартушт дин овард ва аз фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард3 ба дин дабирӣ ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганҷи он оташ ниҳод. Пас гуҷаста Искандар (онро) сӯхт ва ба дарё афканд. Суғди ҳафт ошиён дар (он) буд. Ва ҳафт ошиён ин ки ҳафт шаҳриёрон дар (он) буд. Яке он Йам4, яке он Ажи Даҳок ва яке он Фаридун ва яке он Манучеҳр ва яке он Ковус ва яке он Кайхусрав ва яке он Лӯҳросп ва яке он Гуштоспшоҳ. Пас, гуҷаста Афросиёби Тур ҳар як нишемани девонро буткадаи худоён кард.
Дар Балхи номӣ шаҳристони Навозакро Исфандиёри Гуштоспон кард. Ва ӯ оташи пирӯзманди Баҳромро он ҷо нишонд ва ӯ найзаи хеш он ҷо бизад. Ва ӯ ба Йабб-хоқону Синҷебик-хоқон ва Ҷул-хоқону Вазургакону Гуҳрам ва Тучопу Арҷосп – шоҳи хиюнон пайғом фиристод, ки найзаи маро бингаред. Ҳар ки ба нерӯи ин найза нигарад, ба Эроншаҳр бишитобад.
Шаҳристони Хворизмро5 Нарсаҳи Яҳудиён кард. Шаҳристони Марврӯдро6 Баҳроми Яздигирдон кард. Шаҳристони Марв ва шаҳристони Ҳаройро7 гуҷаста Искандари Румӣ кард. Шаҳристони Пушангро8 Шопури Ардашерон кард. Ва ӯ ба Пушанг пуле устувор кард. Шаҳристони Тӯсро9 Туси Нутарон (кард), ки (ӯ) 900 сол сипоҳбад буд. Пас аз Тӯс сипоҳбадӣ ба Зарир ва аз Зарир ба Баствар ва аз Баствар ва Каразм омад. Шаҳристони Невшопурро10 Шопури Ардашерон кард. Бад-он гоҳ ки ӯ Паҳле-чаки Турро бикушт ва дар ҳамон ҷо шаҳристон фармуд кардан, Шаҳристони Косенро11 Каи Лӯҳросп падари Гуштосп кард.
Дар Гургон шаҳристонеро, ки Даҳистон12 хонанд, Нарсеҳи Ашконон кард. Шаҳристони Кумисро13 Панҷ- бури Ажи Даҳок барои шабистон (ҳарамсарой) кард. Монии порсиён он ҷо буд. Ба шаҳриёрии Яздигирди Шопурон кард дар гузаргоҳи Чул: Вируи-Паҳри14 он канора.
Панҷ шаҳристонро Хусрави Каводон кард (ва) ном ниҳод: Кай-Хусравшод15, Хусрав-Мустобод16, Виспшод-Хусрав17,
Ҳубӯй-Хусрав18, Шод-фархв- Хусрав19. Девори онро 180 фарсах дарозӣ ва 25 шаҳаршан баландӣ, 180 дар ва кӯшки дасткард дар он фармуд кардан.
Дар самти Хурбарон20 шаҳристони Тисифунро21 аз фармони Туе Гарозаки Гепакон кард. Шаҳристони Уриоро22 Нарсеҳи Ашконон кард. Шаҳристони Бовелро23 Бовел ба шаҳриёрии Йам кард. Ва ӯ Сайёраи Тирро24 дар он ҷо бибаст. Ва нишонаи ҳафту дувоздаҳ ахтарону ситорагон ва беҳтарин баҳра ба ҷодуӣ ба Миҳр-нози дарбор бинамуд.

пешина
аз 314
навбатӣ