Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

III
Дар фирефта шудани канизаки Ардавон бар Ардашер ва гурехтани Ардашер бо он канизак ба сӯй Порс
Ардавонро канизаке буд шоиста, ки ӯро аз дигар канизакон арҷмандтару гиромитар дошт ва ҳар парасторӣ, ки Ардавонро буд, он канизак мекард.
Чун рӯзе Ардашер ба сутургоҳ нишаста танбур мезад ва сурудхониву хуррамӣ мекард, ӯ Ардашерро дида шефта гашт. Пас аз он бо Ардашер дӯстӣ ва хушӣ мекард. Пайваста ҳар шаб чун Ардавони баргаштабахт мехуфт, он канизак пинҳонӣ ба назди Ардашер мешуд ва то наздики бомдод бо Ардашер мебуд ва пас боз ба пеши Ардавон меомад.
Рӯзе Ардавон доноёну ахтаршуморони дарборро ба пеш хосту пурсид, ки чӣ мебинед аз хусуси Ҳафтону Дувоздаҳон ва истодану рафтани ситорагон ва аз хусуси замони шоҳони ҳар кишвар ва чигунагии мардумони ҷаҳон ва аз хусуси ману фарзандону мардони мо. Архаршуморон солор дар посух гуфт, ки Дувоздаҳон афтода ва ситораи Ҳурмузд5 боз аз ҳама боло омада ва вай аз Баҳрому6 Аноҳид7 ба сӯи Ҳафтуринг8 ва Шерахтар9 наздик шуда ва ба Ҳурмузд ёрӣ диҳанд. Чунин намояд, ки солоре ва ё подшоҳе нав ба пайдоӣ ояд ва басе фармонравоёнро бикушаду ҷаҳон боз ба шоҳии ягона оварад. Сардори дигаре аз эшон низ пеш омаду гуфт, ки чунин пайдост, ки ҳар марди бандае, ки аз имрӯз то се рӯз аз назди худованди хеш бигрезад, ба бузургиву подшоҳӣ расад ва бар худованди хеш комрону пирӯзгар бувад.
Канизак он сухан, ки ба Ардавон гуфтанд, шаб чун назди Ардашер омад, пеши Ардашер боз гуфт. Ардашер чун он сухан бишнид, аз он ҷой андеша ба гурехтан ниҳод. Ӯ ба канизак гуфт, ки агар туро андеша бо ман росту ягона аст, пас дар ин се рӯзи баргузида, ки доноёну ахтаршуморон гуфтаанд: ҳар ки аз назди худованди хеш бигрезад, ба бузургиву подшоҳӣ расад, омода бош биравем, то ҷаҳон бигирем. Агар яздонфарри Эроншаҳр ба ёрии мо расад, раҳо ёбем ва ба накӯиву хуррамӣ расем. Ва чунон кунам, ки аз ту фаррухтар дар ҷаҳон кас набувад. Канизак пазируфт ва гуфт, ки пазирам ва ҳар чӣ ту фармоӣ, чунин кунам. Чун наздики бомдод буд, канизак аз ҷои хеш ба назди Ардавон шуд. Шаб чун Ардавон хуфта буд, аз ганҷи Ардавон шамшери ҳиндиву зини заррин ва камарбанде бо нишони сари меш ва кулоҳи заррину ҷоми заррин бо басе гуҳару дираму динор ва ҷавшану зинафзори оростаи бисёр ва басе чизҳои дигар ситонду ба пеши Ардашер овард.
Ардашер ду асп аз борагони Ардавонро, ки рӯзе ҳафтод фарсанг мерафтанд, зин кард, бар яке худ ва бар дигар канизак нишаст ва роҳ ба Порс гирифту ба шитоб ҳаме рафт.
Чунин гӯянд, ки шаб ба деҳе омад. Ардашер тарсид, ки мабодо мардуми деҳ бинанду шиносанд ва гирифтор кунанд, на аз деҳ, аз канори деҳ бигзашт. Ӯ омад ду зан нишаста дид. Он занон бонг карданд, ки матарс Ардашери кайи Бобакон аз нажоди Сосону пайванди Дорошоҳ. Чун ки аз ҳар бад бирастӣ ва касе туро натавонд гирифтан ва туро подшоҳии Эроншаҳр бисёр сол бояд кардан. Биштоб ба дарё ва чун дарё ба чашм бубинед, ҳеҷ мапоед. Чун чашмат ба дарё афтад, бебим бошӣ. Ардашер хуррам шуд ва аз он ҷой бошитоб бирафт.

пешина
аз 314
навбатӣ