Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ошиёни симурғ дар дарахти ғамдуркунандаи бисёртухма аст. Ва ҳар гоҳ аз он бархезад, ҳазор шоха аз он дарахт бирӯяд. Ва чун биншинад, ҳазор шоха аз он бишканад ва тухм аз он пароканда шавад.
Ва чиномаруш мурғ низ ба он наздикӣ нишинад ва кораш ин аст, ки он тухмҳоеро, ки аз дарахти бисёртухмаи ғамдуркунанда фурӯ резанд, барчинад ва он ҷо, ки Тиштар обро меситонад, бипошад, то Тиштар обро бо ҳама он тухмҳо ситонад ва ба он борон ба ҷаҳон барад.
62. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом он кори нек аз миёни корҳои нек меҳтару беҳтар ва арҷмандтару судмандтар (аст) ва ҳеҷ хазинае дар он набояд?
Мену хирад посух кард, ки барои ҳама некӣ хостан ва ба эзадон сипосгузор будан ва дар ҳар ҷову ҳар замон Ҳурмуздро ба офаридагорӣ ва Аҳриманро ба нобудсозӣ дар андеша доштан ва ёд кардан. Ва дар ҳастии эзадон ва дину равону биҳишт ва ҳисоби се шаби нахусти пас аз марг ва будани растохезу тани пасин бегумон будан муҳимтар аст. Ин аз ҳар кори нек меҳтару нектар ва арҷмандтару судмандтар (аст) ва ҳеҷ гуна хазинае дар кораш набояд (будан).
(Ба)дуруд ва (нек)бахтӣ.
МОДИГОНИ ЙУШТИ ФРИЁН1
(Достони Йушти Фриён)
Ин «Достони Йушти Фриён» фаррух бод ба ёрии Яздон. Чунин гӯянд, ки чун Ахти ҷодугар бо ҳафт ҳазор сипоҳ ба шаҳри пурсишгузорон2 шуд, гуфт, ки шаҳри пурсишгузорон ба хок яксон кунам. Чун ба он ҷой омад, мардумеро, ки синни эшон беш аз 15 сол набуд, бихост ва аз онон пурсиш кард. Ҳар ки натавонист гузориш кардан, ӯро бигирифт ва бикушт. Пас дар он шаҳри пурсишгузорон марде буд Мораспанд ном, ӯ ба Ахти ҷодугар гуфт, шаҳри пурсишгузорон ба хок яксон макун ва ин мардуми бегуноҳ макуш, ки дар ин шаҳри пурсишгузорон мардест Йушти Фриён ном, ки синни ӯ аз 15 сол беш нест ва ҳар он пурсиш, ки аз ӯ пурсӣ туро гузориш кунад. Пас Ахти ҷодугар ба Йушти Фриён пайғом фиристод, ки ба даргоҳи ман ой, то сиву се пурсиш аз ту бипурсам, агар посух надиҳӣ ё гӯӣ, ки надонам, он гоҳ ҳамзамон туро бикушам. Ва Йушти Фриён ба даргоҳи Ахти ҷодугар омад ва аз он ки Ахти ҷодугар мурдаи мардумон ба зери бистар дошт, дарун нашуд ва ба Ахти ҷодугар пайғом фиристод, ки шумо мурдаи мардумон зери бистар доред ва чун ман дароям, амаҳраспандоне3, ки пеши мананд, дар он ҷой, ки мурдаи мардумон буваду ман дароям, он гоҳ амаҳраспандон аз паноҳандагии ман бозистанд. Пас Ахти ҷодугар фармуд, то он бистару ҷома бардоранд ва бистари нав оваранд ва афгананд. Ва ӯ Йушти Фриёнро бихосту гуфт, ки биё ба ин ҷомаву бистар бинишин ва пурсиш, ки аз ту пурсам, рост гузориш кун. Йушти Фриён гуфт, ки палиди дурӯғпешаи ситамкор, бар ин бистар нанишинам, чун ки дар ин бистар мурдаи мардумон аст ва бо ман Изадону амаҳраспандон, ки ҳастанд паноҳандаи мананд ва ман бар ин бистар нишинам, он гоҳ (ин) менуён аз паноҳандагии ман боз истанд. Пас он пурсишҳо, ки ту аз ман пурсӣ, гузориш кардан натавонам. Ва пас Ахти ҷодугар фармуд он бистар бардоранд ва бистари нав оваранд. Йушти Фриён бар ин бистари нав нишаст.

пешина
аз 314
навбатӣ