Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба беш кардани кори нек кӯшо бош, то дар ҷаҳони мену ба фарёдат расад. Ба ҳеҷ некии гетӣ бовар макун, чи некии гетӣ ҳамчун абрест, ки дар баҳорон ояд, ки ба ҳеҷ кӯҳ бознапояд. Гетиорой мабош, чи марди гетиоро табоҳкунандаи мену бувад. Ба чизу моли бисёр густох мабош, чи ба фарҷом ҳамаро бояд гузоштан. Ба нерӯ бовар макун, чи ба фарҷом бе нерӯ бояд будан. Ба озарм ва гиромӣ будан густох мабош, чи дар мену озарм ба фарёдат нарасад. Ва бо пайванди нажоди бузург густох мабош, чи ба фарҷом боварӣ ба кирдори худат бувад. Дар зиндагӣ густох мабош, чи ба фарҷом марг расадат ва лошаатро сагу паранда хӯрад ва устухонат ба замин афтад ва то се шабонарӯз равон ба болини тан нишинад ва рӯзи чаҳорум (ҳангоми) бомдод бо ҳамроҳии Сурӯши росткирдор ва Войнек ва Баҳроми нерӯманд ва бо мухолифати Аствиҳоду5 Войбад ва Фарзиштдеву Низиштдев ва бо бадхоҳии хашми бадкор – дорандаи найзаи хунин то ба пули Чинводи баланди саҳмгин, ки ҳар росткирдор ва ҳар бадкирдоре бад-он меояд ва бисёр душман дар он ҷо истодаанд, меравад ҳамроҳи бадхоҳии хашми дорандаи найзаи хунин ва Аствиҳод, ки ҳама офаринишро фуру бурда буд ва сериро намедонист. Ва ба миёнҷии Меҳру Сурӯшу Рашн ва барои росткирдорон ва на барои бадкирдорон, на барои худовандон ва на барои фармонравоён. Ва ба андозаи тори мӯй гардад ва озарм накунад. Ва худованду фармон-равонро бо хурдтарин мардум дар доварӣ баробар дорад.
Чун равони порсоён ба он пул бигзарад, ба монанди як фарсах он пул паҳн шавад ва равони порсоён бо ҳамроҳии
Сурӯши росткирдор гузарад. Ва кирдори неки вай ба гунаи дӯшизае ба пазироияш ояд, ки аз ҳар дӯшизае дар ҷаҳон зеботару беҳтар аст. Ва равони порсоён гӯяд, ки ту кӣ ҳастӣ, ки ҳар гиз дӯшизае аз ту зеботару беҳтар ба гетӣ нест. Он дӯши-засимо посух кунад, ки ман дӯшиза нестам, кирдори неки туям, эй ҷавони некпиндори некгуфтори неккирдори некдин. Чи ту дар гетӣ дидӣ, ки касе девпарастӣ кард, он гоҳ ту нишастӣ ва парастиши эзадон кардӣ. Ва чун дидӣ, ки касе ситаму дуздӣ кард ва мардуми некро озурд ва мол аз роҳи гуноҳ андӯхт, он гоҳ ту ситам ва дуздии хешро аз офаридагон боздоштӣ. Ва бо мардуми нек ҳамандеша будӣ ва меҳмониву пазироӣ кардӣ ва ҳадя додӣ. Чи ба он ки аз наздик омад ва чи ба он ки аз дур. Мол аз (роҳи) дуруст андӯхтӣ. Ва чун дидӣ (касе) доварии дурӯғ ва пораситонӣ кард ва гувоҳии дурӯғ дод, он гоҳ ту нишастӣ ва сухан ба ростиву дурустӣ гуфтӣ. Манам ин андешаи нек ва гуфтори некӯ кирдори нек, ки ту андешидиву гуфтиву кардӣ. Чи чун арҷманд будам боз арҷмандтар кардӣ ва чун фараҳманд будам боз фараҳмандтар кардӣ.

пешина
аз 314
навбатӣ