Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Ва кин даҳшатноктару бераҳмтар. 39-40. Танбалӣ беҳудатару фаромӯшкортар. Ва деви аҳламуғ нуҳуфтатару фирефтортар.
- Ва тӯҳмат носипостар. 42. Ин низ пайдост, ки Аҳриман бар офариниши Ҳурмузд ин чизҳоро гаронтар кард: чун вай муздро дар кори нек ва кефарро дар гуноҳ дар андешаи мардумон дар анҷом биниҳуфт.
- Офаридагор Ҳурмузд дар боз доштани он чанд дев ба ёрии мардумон чанд чизи нигохдорандаи менуро офарид: хиради зотӣ ва хиради омӯзишӣ, хӯву умед, хурсандӣ, дин ва машварат бо доноён.
44-45. Вазифаи ин ҳар як мену чист? Вазифаи хиради зотӣ танро аз бим ва андешаи гуноҳ (кардан) ва ранҷи бебор поддан ва гузарон (будани) моли гетӣ ва фарҷоми танро дар ёд доштан ва дороии ҳамешагии хешро коҳиш надодан ва ба они бадии хеш наафзудан. - Вазифаи хиради омузишӣ роҳу равиши порсоӣ шинохтан ва бад-он истодан ва ба чизи пеш гузашта нигаристан ва аз он чӣ, ки пас ояд, огоҳ будан. Он чиро, ки будани он нашояд, бовар накардан ва кореро, ки анҷоми он нашояд, нагуфтан.
- Вазифаи хислат хештанро аз хӯи бад ва орзуи шаҳват нигоҳ доштан ва хулқу хӯи некро парастидан ва дар ёд доштан.
- Вазифаи умед баҳраи кӯшиш ба тан пайвастан ва танро ба ранҷу кори некӯ бурдан.
- Вазифаи фурӯтанӣ худро аз хоҳиши беш нигоҳ доштан ва ранҷи нофурӯтанӣ ва бими бисёрро дар ёд доштан. Ва он чизро, ки дар анҷом пуштибонӣ аз он бувад, ба чизи дигар надодан ва чизи фуруд омадаро, аз он ки рӯ ба рӯ гузоштан нашояд, (дар ин кор) ранҷу андӯҳ бурдан набояд.
- Вазифаи дин худро аз гуноҳу кеффар ва подоши кори нек огоҳонидан ва роҳу равиши Яздон аз они девон ҷудо доштан.
- Вазифаи муошират бо доноён худро аз худхоҳӣ нигоҳ доштан ва чунин намудан, ки ҳар ноогоҳӣ, ки аз кирдори хеш ояд, табоҳкунанда набошад.
- Аз ин чанд мену кадом ба тани мардумон нерӯмандтар?
- Хирад ҳушмандтар, андеша ҳассостар ва ҳуш пойдортар.
- Хислат хубшукӯҳтар ва хӯ оростатар. 55-56. Ва фурӯтанӣ устувортар ва умед шикеботар, зиндагӣ поктар ва бӯй огоҳтар ва фраваҳр ранҷбартар.
57-58. Ба мардумон чӣ ҳунар беҳтар? Доногӣ ва хирад. 59-60. Аз ин кадом беҳ? Он ки хештан бебимтару бегуноҳтар ва беранҷтар тавонад бурдан.
61-62. Барои мардумон хирад беҳ ё дониш? Хирад барои шинохтани кор ва дониш барои писандидани кор.
63-64. Кадом гуҳар беҳ? Фурӯтаниву чарбзабонӣ. 65-66. Чӣ хӯ беҳ? Хештандориву оштихоҳӣ. 67-68. Чӣ оин беҳ? Некӣ. 69-70. Кадом орзу некӯтар? Бегуноҳӣ. 71-72. Кадом кори нек беҳ? Хушнудӣ ба чизи (кам). 73-74. Чӣ кирдор беҳ? Дар шумори дин (будан). 75-76. Кадом фарҳанг беҳ? Он ки гузаронидани замон ва наҷоти равонро бад-он беҳтар донад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор