Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Пас ҳунари ӯ11 замоне пайдо мешавад, ки ҳар гоҳ шер аз кӯҳу дар фуруд ояд, (он) гӯр чун он шери бешаро бинад, дар андак (замон он ҷоро тарк кунад ва) дар он ҷо намонад.
- Тафсири он (ин ки) то замоне ки хирад бо тани мард биомезад ва раво шавад, (ҳатто) душмани ҷонсупор низ ба василаи хештан афсурда мешавад,12 чи барои солорӣ (бояд нисбат ба ҳар) кас некчашмтар бувад; ва ӯро кор бо даст пуштибонӣ ва паноҳ бошад; пайдост, ки ӯро кома ба гетӣ ва мину бирасад.
- Он (шахси) ноогоҳи гумроҳ, ки ба хештан ҳарзадароӣ мекунад, ӯро бадтарин айб дар хеш аст, чи аз нохешкорӣ номи бад (ва) аз (ҳарза) дароидан нанги бадтари зевишӣ бар хештани худ таҳмил мешавад.
- Замоне ки ранҷи марди бадтар дар ҳоли ситонда шудан бошад, шуморо аз ранҷи бадтаре кардан чӣ суд, ки бом ба рӯи дар бастан.
- ...(?) Ва зани касон... (?) ё шуморо ҳунар афзояд ё шуморо пеш хубтар бошад ё шуморо дархури равон (кунад) ё шуморо ангорад, ки ба... (?).
- Ангор, ки дар ниҳоят бисипӯзед кореро ба бесудӣ ва бадномӣ; фарҷоми суханро бишнос, ки моро (аз) бесудӣ чӣ ҳосил мешавад ва шуморо дар ниҳояти роҳ ба хим ва хирад аст; шуморо ба ночор роҳ (ин аст, ки) чеҳр аз бесудии дилу тан бигардонед, ин орзӯи ситам ба манишро боз ба хешкорӣ оварад ва чашмро боз кунад ва шаҳрро бинад ва мардумро бинад ба хим ва хирад; (ва ин ки) ононро чӣ писанд бувад аз хим ва чӣ самар бувад аз абзори нохешкорӣ ва (ин ки шахс) чӣ мекунад донишу хирадро.
- Чи бисёр рафтам андар замона, бисёр гузидам навоҳии гуногунро,13 бисёр ҷустам аз каломи дин, бисёр аз нома ва навишта (матлаб) гирифтам, (бо) дастур гузидор (машварат) кардам, ҳампарсагии (мард) ситоида, доно (ва) хирадмандро дидам, на (марди) гузидор дидам бечора, на некном андар бало ва на хирадманд дар ниёз.
- Ман анҷумани бузургонро дар калом, андешау вир (ва) хирад дидам, ман диндастуронро пурсидам, ки хоста беҳтар аст ё хим (ва) хирад.
- Онон ба иттифоқ омӯхтанд ва гуфтанд, ки номдорӣ (вобаста ба) нерӯи хирад аст, чи хоста ва ганҷи бешуморро хим муҳофизат мекунад ва хирад онро нигоҳ медорад.
- Барои марди сарватманде хирад гаронбаҳотарин пеша аст, чи хоста, хими фурӯандеш волотар аст.
- Мардуми кӯр ва гумроҳ низ, ки дар буни кор бо ҳамоқат гузар мекунанд,14 ҳар гоҳ ба фарҳанг густох (ва) мутакаббир шаванд, ҳар рӯз камар бияфрозанд ва авранг зананд андар буни шалвори гулдор (ба тан) доранд, мӯзаи15 чарми танги часпонкамар(банди) номутаорифи (худро пайваста) бингаранд ва синаи ситабр мемонанд, ки андозаи мо касе нест.
- (Ашхоси) кӯр он рӯз пушаймон шаванд, ки бо қонуни хеш фурудасттар шаванд, хостаи падар карда16 ва андӯхтаву ёфтаи дудаҳо хӯрда бошанд ва ба нобудӣ бирасад (?), ки андар мону меҳан нигаранд, чизҳои гуногун дида, ки гард андар хуми хушк тиҳӣ бинанд, ки андар бун (?)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор