Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- (Равони ӯро) сӯи гузар(е) фароз баранд, ки оғоз ду роҳ аст, (яъне) Чинводпули баланд. (Дар ин ҳол) ҳар чӣ тан варзида бошад, равон (онро) бинад.
Фарҷом ёфт ба дуруду шодиву ромиш!
ДАР БОРАИ ХИМ ВА ХИРАДИ ФАРРУХМАРД
Ба номи Яздон - Фаррухмард аз ин пайдост, ки ранҷи беҳӣ ва ҳунарро бингарад; барои (дастёбӣ ба) абзори (кор) кардан кӯшо (бошад), ба (роҳи) фарорунӣ равад, карафа ба орзу хоҳад, шаҳватро нокор ва манишро аз (он) безор кунад, касолат ва танкомагиро аз тани хеш бияфканад, аз кӯдаки химӣ бипарҳезад, суд ва зиёни хеш бидонад, барои (дастёбӣ ба) ном ва ҳунар ва фарҳанг тан бисупорад ва бидонад, ки аз ном чӣ суд(е), аз ранҷи беҳӣ чӣ абзори пероя, чӣ гуна дархури тан ситоиш кунад, дониш ва хирадро чӣ кунад (ва ин ки) чӣ гуна мард дар миёни беҳон сутуда намешавад.
- Марди боҳунар ба ранҷи худ барои беҳӣ ва ҳунар менигарад бо калому андешаву вир ва хирад, пас (ӯ) бештар аз нохушкорӣ ба ранҷи беҳӣ меандешад, дар роҳи бузургӣ (ва) арҷмандӣ ба василаи ҳаракат (бар пояи) хим (ва) хирад номи рафеъ ситонад.
- Чи марди вежагузидор аз ин пайдост, ки дӯст андӯзад ва хирад хоҳад, то ситоидатар шавад (ва) низ то хешкор ва хусрав1 (шавад), ки фарорун зода шудааст, (орӣ) аз айб, пас шоддил ва шодманиш, пас чарбниҳод2 аст, ки бо ҳар кас медонад (чӣ гуна) рафтор кардан, ӯро бародар, ӯро ҳамто мешавад, ӯро дӯст, ҳам бародар3 ва ҳамтан4 мешавад; марди (хуш)иқбол бо ёрии Яздон дар хостани ҳунар барои худ мекӯшад; (ва) ин равшан (ва) ошкор аст, ки (ӯ барои) дудаи (хеш) ном ва авранг (ном ва шараф) бошад.
- (Мард) аз балоҳат ва бесудӣ5 на ҳунарро меафзояд, на дӯст меандӯзад ва на хирад мехоҳад.
- Чи марди бемаҳорат дар миёни беҳон хортар бошад. 6. Ва эдун марди зирак (ва) доно нек ва сутуда бошад; эдун (ӯро) дар ҳама ҷо нек меситоянд, (ӯро) дар ҳама кишвар нек эҳтиром мекунанд, чун дарахте, ки рази6 барӯманде7 аст, шохаи (он) хушк (намешавад) ва (дар) сояи (он) ҳамеша бори ширин пайдост; (ин дарахт) дар ҳар замон (дорои) суд ва бар аст (ва дар) ҳар замон сутуда ва боэҳтиром.
- Он (шахси) ноогоҳи гумроҳ шабеҳи он дарахт нест, чӣ (ӯ ба) он дарахте шабеҳ аст, ки шоха(аш) тар (ва тоза) нест (ва) меваи ангур намеоварад, бесуд(ӣ) аз он ҳосил мешавад, (дар ҳоле ки аз) рушди (дарахт) нахуст, мону меҳан, сутуни дижҳо ва тир (чӯбӣ) ҳосил мешавад.
- Он (марди худ)гирифта8 ва хешандеш9, ки (ӯро худ)гирифта(гӣ) бештар аст то ҳунар, ҳаммонанди гӯристоне аст андар дашт, ки надид, ки чӣ касе дом гузоштааст (дар олам), баррагии пое дар он кунад.
- (Ва низ то кунун) ӯ надидааст шери саргардони мастеро, ки дар кӯҳ (ба ин тараф ва он тараф) ҳаракат мекунад ва (дар) миёни ҷангалҳо дад мегирад, дар хонаи хеш зӯр озмояд, ба иштибоҳ10 ба нерӯи хеш шод ва хуррам (шавад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор