Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Ҳар ки ин номаро бихонад, ҳар чизро судмандтар нигарад, ҳар ки ранҷи бадтаре бештар кунад, дар фарҷом ӯ пушаймонтар бошад.
Фарҷом ёфт ба дуруд, шодӣ ва ромиш.
ДАР БОРАИ ПАНҶ ХИМИ ОСРУНОН1
Ба номи додор Ҳурмузд - Дар бораи панҷ хими осрунон ва даҳ андарз, ки ҳама андарзи дин бар (он) пайвастааст.
- Он панҷ хим, нахуст бегуноҳӣ. 3. Дигар, гузин кирдоре, манишҳо, гӯишҳо ва кунишҳо. 4. Се дигар, дастурдорӣ чунон ки ради донотар, ростгуфтортар, ки бо огоҳӣ ба дин омӯхта бошад ва ба ростӣ биомӯзад.
- Чаҳорум, язиши Яздон бо каломи рост,2 (аз) бар (кардани) каломи (динӣ ва) наскҳоро ба найранг яштан.
- Панҷум, рӯзҳо ва шабҳо бо ризоят андар хешкорӣ истодан, бо рақиби хеш3 ситез кардан, дар дарозои зиндагӣ аз эътиқод ба дин (бар)нагаштан ва дар хешкорӣ кӯшо будан.
- Он даҳ андарз: нахуст барои риояти хусрави солор ва омӯзгор ва рад ва падари хеш ба хусравӣ рафтан.4
- Дигар, барои бадном набудани он солорон аз бадномӣ шигифт (дар) парҳез будан.
- Се дигар, барои назадани омӯзгори хеш бо чӯби дарозтар (аз чӯби омӯзгор) ва наёзурдани (ӯ он) чи аз омӯзгори хеш нашунуд, ба номи ӯ гузориш накунад.5
- Чаҳорум, барои нарабудани номи пайдоӣ6 аз аҳлувон (бояд он) чиро аз омӯзгори хеш омӯхта, бо родӣ ба арзандагон боз супорад.
- Панҷум, барои раводинӣ7 карафагаронро музд ва базаҳкоронро ба дод8 муҷозот ниҳодан.9
- Шашум, барои меҳмон кардани10 нишонаи аҳлоӣ дар хонаводаи хеш роҳи беҳон ба хона гушода доштан.
- Ҳафтум, барои наболонидан11 ноогоҳона12 дуруҷ дар зеҳн, бо беҳон кина надоштан ва ба тавба накардан, аз гуноҳ наистодан.
- Ҳаштум, барои буридани13 дуруҷ аз зеҳн, кина аз маниш дур кардан ва сареъ аз гуноҳи нодам будан.
- Нӯҳум, пешравӣ ва пасравии дин шинохтан ва пешравии дин (ин ки динро) ба пеш фароз доштан ва кор ва баҳра ба он хостан ва пасравӣ (ин ки) агар патиёра ба дин расад, динро ба бозпас ва тан ба муҳофизати дин доштан.
- Даҳум, барои сурӯши ёрӣ14 нисбат ба худои вирд ва дастури динӣ некниюш будан.
Фарҷом ёфт ба дуруд, шодӣ, ромиш!
ДОРУИ ХУРСАНДӢ1
Ба номи Яздон - Доруи хурсандӣ ба чизе чора набахшидааст ва чора ва дармони осонии он низ (аз) ин хезад.
- Доруе буд ба сангинии як дирам, бо маниш омехтан ва аз тариқи дониши шинохтани хурсандӣ ба сангинии як донг.
- Ва агар ин накунам, чӣ кунам ба сангинии як донг. 4. Аз имрӯз то фардо шояд беҳтар шавад, ба сангинии як донг.
- Аз ин бадтар (ҳам) шояд бишавад, ба сангинии як донг. 6. Бар ин (чизе), ки (пеш) омадааст, хурсанд будан (бар) ман осонтар аст, ба сангинии як донг.
- Ва агар хурсанд набошам, дар кор нек нест, (бар) ман душвортар аст, ба сангинии як донг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор