Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Ҷойнамозро паҳн карда, 40 ракъат намоз хонд ва дар охир "Авроди фатҳия"-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро хонда, ба даргоҳи Худои мушкилкушо дуо карда, дар охир гуфт:
Ё Раб, ҳама халқро ба мақсуд расон, Шояд ки дар он миён яке ман бошам.
БОБОЮ ПАДАРАМРО ДАР ХОБ ДИДАМ
Дар болои ҷойнамоз Абӯалиро хоб бурд. Дар хоб худро лаби як дарёи азиму пуртуғён дид ва хост, ки аз об гузарад. Об гоҳе сиёҳи тира менамуд ва гоҳ софи каб-кабуд. Ҳамин ки пой бар лаби об гузошта, мехост аз соҳил ба соҳили дигар гузарад, оби дарё сип-сиёҳ мешуд. Сели калоне омаду ӯро гирифта бурд. Баъди чанд лаҳзае худро дар ҷазирачае дид, ки аз ду тарафаш оби дарё равон аст. Оби дарёи тарафи чап сип-сиёҳ ва оби дарёи тарафи рост каб-кабуди софи беғубор буд. Ногоҳ садое аз тори оби сиёҳ баланд шуд, ки мегуфт:

  • Абӯалӣ, ба тарафи оби дарёи сиёҳ пой нагузор, ки ҷаҳаннам аст. Ба тарафи оби дарёи софи беғубор рав, ки роҳ ва манзили наҷот мебошад.
    Ба тарафи садо нигарист ва дид, ки як пирамарди қавиҳайкал аз дасти як ҷавонмарди харобу ларзон дошта, бо даст ишора мекунад, ки тарафи мо наоед. Дар сару гардани он ду кас сони сафед, монанд ба эҳроми ҳоҷиён ва ё кафани мурдагон. Боз садо аз дуриҳои дур омад, ки мегуфт:
  • Писарам, мо бобою падарат ҳастем, номаро хон, ибрат аз ҳоли мо гиру ба тарафи рост рав!
    Замоне шамоли сахте вазиду он ду нафарро ба сӯйи осмон бардошта бурд ва дар паси абрҳои сиёҳу тира нопадид гардонд. Абӯалӣ ба тарафи рост рӯй гардонд ва хост, ки пой ба оби соф монда, аз дарё гузарад. Дар ҳамин вақт аккоси сагони бисёр ба гӯшаш расид. Ба тарафи соҳил нигоҳ кард. Сагони сиёҳу зарди бисёре аккос зада, ба тарафаш мехоҳанд ҳамла кунанд. Дандонҳои тези сагҳо ханҷари тезро мемонд, оби зард аз забонҳои сурхи овезонашон мечакид. Ӯ дар миёни ду дарё, дарёи раҳмат ва дарёи лаънат дармонда роҳи наҷот меҷуст. Даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худои бениёз имдод металабид.
    Ногаҳон садои тиру камон баланд шуд. Ду саги калон аз захми тир ба замин афтоданд. Сайёди сабзпӯше камон дар даст тир парронда, сагонро дастгир мекард. Сагон яке лангон, дигаре ғалтон аз соҳил дур шуданд. Сайёди ниқобдор ба тарафи Абӯалӣ даст афшонда, ниқобашро аз сараш гирифт ва гуфт:
  • Биё, аз хавфу хатар раҳоят кунам!
    Симою садои сайёд ба Абӯалӣ хеле шинос менамуд. Гӯё ӯро солҳо дидааст ва овози ӯро борҳо шунидааст. Дар ҳамин вақт садои азони бомдодӣ Абӯалиро аз хоби раҳмонӣ бедор кард. Ӯ худро дар болои ҷойнамоз дид ва зуд аз нав вузӯ карда, бори аввал ба масҷид равон шуд. Баъд аз адои намоз роҳравон дар атрофи хоби дидааш фикр мекард. Сурату садои сайёд ӯро дар ҳайрат оварда буд.
пешина
аз 78
навбатӣ