Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданРаис афзуда гуфт:
- Дар ин давра медонед, мардум ба чӣ корҳо машғуланд? Шумо шабу рӯз кори давлата мекунед, чанд сомонӣ маош мегиред?
Абӯалӣ фаҳмид, ки ин мард ӯро ба дом афтонданӣ аст, аз паси ин "хизмат" одамони махсуси Қаробоев Э. истодаанд. Барои фаҳмидан даст ба ҷайб бурда, тугмаи сабти телефони мобилиро зер карда гуфт: - Муҳтарам раис, агар парвандаро хобонам, шумо ба ватану халқи камбизоат чӣ хел хизмат мекунед?
Раис гуфт: - Муҳтарам прокурор, шумо чӣ ин қадар ғами ватану халқро мехӯред? Ғами худатонро хӯред!
Раис чун рӯбоҳи маккор ин тарафу он тараф нигоҳ карда, оҳиста бо ангуштонаш ишора карда гуфт: - Панҷ-панҷ ҳазор коғази кабуди ришдор. Ҳозир хоҳед ҳозир, агар ҳозир нахоҳед, дар ин ҷо нахоҳед, дар дигар ҷой медиҳам. Худатон ҷойро интихоб кунед, ба ман бовар кунед.
Абӯалӣ кордонию сипоҳиро аз даст надода гуфт: - Раисбобо, ман рақами телефони шуморо дорам, кадом вақте ки занг задам, дар куҷое, ки бошад, бо ҳам вомехӯрем. Худо ҳофизу шоҳид. Ҷавоб!
Раис каме фикр карда, чӣ кор карданашро надониста, аз дар таъзимкунон пуштнокӣ баромад. Абӯалӣ дар обу арақ ғӯтида буд. Баъди чанд дақиқа дарро нимроғ кушода, ба роҳрав нигоҳ кард. Дид, ки раис аз дафтари кории Қаробоев Э. баромада рафт. Абӯалӣ аниқ донист, ки дар атрофаш анкабут тор танида истодааст ва ин анкабут мехоҳад, ки ӯро ба дом афтонда, дар айни авҷи камолот, чун падари армонию ҳасратияш маҳв созад.
Хоб аз сараш парид. То ба соатҳои чори шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигаре гашта, фикр мекарду чора меҷуст. Аз печу тоб хӯрдану фикр кардан болини мулоим ба назараш санги сахти хоро менамуд, ки баданашро ба дард овард. Гӯё садое ба гӯшаш омад, ки хез аз хоби ғафлат, дуо кун, имдод аз Холиқи арзу само талаб намо! Ҷаста аз хобаш хеста, ҷомаро ба китфонаш гирифта, ба берун баромад. Осмони каб-кабуд пур аз ситора буд. Ситорагон ба сӯяш чашмак мезаданд. Абӯалӣ аз илми нуҷум (ситорашиносӣ) каме бохабар буд, аз ҳамин сабаб ду сайёраро меҷӯст.
Сайёраи Муштариро, ки мизоҷашу қувваташ гарм ва тари мӯътадил аст ва сайёраи Уторидро, ки мизоҷу қувваташ сард ва хушки бо ҳам омехта аст. Ӯ дақиқаҳои зиёд ин ду сайёраро меҷуст ва ба даргоҳи Худованд дуо мекард, ки сайёраи Муштариро ба ӯ нишон диҳад.
Муштарӣ сайёраи хушбахтӣ ва кушоиши мушкилҳост. Мабодо сайёраи Уторид ба чашмаш намояд, ки боиси бадбахтияш гардад. Ногаҳон Муштарии бахтовар намудор гардид. Абӯалӣ дергоҳ ба дурахшидану чашмакзании Муштарӣ нигарист. Гӯё ситора ба сӯяш чашмак зада механдид ва мегуфт: "Хуш ба ҳолат!". Аз дил гузаронид, мабодо Уторид ҳам пайдо шавад, аз ҳамин сабаб чашмашро аз осмон канда, ба замин нигарист. Дид, ки офтобаи пур аз оби гарм дар наздаш истодааст. Шитобон таҳорат (вузӯ) карда, ба хона даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор