Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданАз ин ҳикояи Ҳабибуллоҳ хоҳару бародар боз гирён шуданд, ашк дар чашмонашон чарх мезад. Акмал кимкадом як ҳодисаеро ба ёд оварда, чизе гуфтанӣ буд, аммо ғаму ғусса гулӯяшро мефишурд, имконияти гап задан намедод. Дар охир, каме овозаш кушода шуд ва бо азобе гуфт:
- Акнун ҳамааш ба ёдам омад. Акои Дилшоду Фарҳод дар ҳаққи мо некиҳои бисёре карданд, вагарна мо маҳв мешудем ва чун модару модарбузургам (момоям) аз дасти "падарам" Шермат кушта мешудем.
Ҳабибуллоҳ номаро, ки дар як коғази зардшуда навишта шуда буд, ба Акмал дароз карда гуфт: - Ин номаи падарат аст. Ба ман васият карда буд, ки ба шумо расонам. Ин қарзи ҳамсоягию бародариро ба ҷой овардам, акнун дилам қарор гирифт. Иншоаллоҳ, устухонҳои худораҳматии падарат ҳам дар гӯр орому сокит мешавад.
Акмал номаро аз аввал то ба охир хонд, ашк аз чашмонаш равон шуд ва маротибаи дуюм ба хондан сар кард. Баъди ҳар як ё ду дақиқа бо оби дида гӯё рӯяшро мешӯст.
Рӯймолчаро бароварда, рухсораҳои аз ашк таршудаашро, ки тамоми рӯяшро фаро гирифта буд, пок мекард. Юлдуз ин ҳолатро дида, гоҳе ба бародараш ва гоҳе ба Ҳабибуллоҳ ҳайрону ҳаросон нигоҳ мекард. Ӯ ҳоло чизеро нафаҳмида бошад ҳам, қалбаш аз гиряҳою ашки чашмони бародараш гӯё дар оташи сӯзон месӯхт. Ашк аз чашмонаш беихтиёр равон мешуд. Дар охир Акмал номаро бӯсида, ба дидагонаш молида гирён-гирён ба хоҳараш рӯй оварда гуфт: - Хоҳарҷон, ин номаи табарруку мубораки падари асосию ҳасратиямонро хон! Акнун, мани нодони гӯлу гумроҳ нав фаҳмидам, ки падару бобоям киҳо будаанд. Оҳ фалак, дод аз дасти ту, ки мо аз насли оқипадарон будаем. Оқипадарӣ аз насл ба насли мо мерос монда будааст. Эй хоҳарҷон, мо ҳам оқипадар мешавем?!
- Не! Не! Ҳаргиз не!
Падар, агар аз ҷафои ту хоҳам мурд, Ҳам дар талаби рози ту хоҳам мурд. Гар ман мирам, ба меҳри ту хоҳам зист, В-ар ман зиям, барои ту хоҳам мурд.
Юлдуз бо диққат ба хондани мактуб шурӯъ кард ва ӯ низ чун бародараш мехонду баланд-баланд нола мекард. Қалби занон нозуку латиф аст, гиряву нола хоси онҳост, аз гиряи ҷонсӯзу дилгудози Юлдуз сангу чӯб, гиёҳу дарахтон, хазандаю паррандагон гӯё ба нола омада буданд. Ин ҳолатро Ҳабибуллоҳ дида, дарун-даруну ноаён мегирист. Дар охир Акмал дастонашро ба гардани Ҳабибуллоҳ ҳалқавор андохта, дар канор гирифта гуфт: - Амакҷон, шумо бӯйи падарам мекунед ва падарамро ба ёд меоред. Мо, ятимони бекасу кӯйи сағирахона, чӣ кор карданамонро намедонем. Шумо роҳнамою роҳбалади мо шавед! Мо чӣ кор карданамонро намедонем. Дар ёду ғами падару модар ҳалок хоҳем шуд. Ба ҳоли зори мо нигаред, номаи падари хору зори гирифтори дарду доғи айём, ки охир ӯро кушта, моро ҳам оқи падар карда, беному бенишон мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор