Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданҲабибуллоҳ субҳи содиқ, баъд аз адои намоз номаро гирифт ва ба шаҳри Душанбе равона шуд. Соати ҳафт дар даромадгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Акмал вохӯрда гуфт:
- Ассалому алайкум, Акмалҷон!
Акмал дасту пой гум карда, чун ҳайкал карахт шуда, дар ҷояш меистод. Охир, дар давоми чандин солҳо нахустин маротиба номи давраи кӯдакиашро шахсе ба забон гирифта, ӯро ҷеғ мезанад. Ҳабибуллоҳ ҳис кард, ки ятими сарсону саргардон азобу шиканҷа дида, ғаму дарди беандоза кашида ӯро намешиносад. Бо изтиробу ҳаяҷон гуфт: - Акмалҷон, ман амакат Ҳабибуллоҳ! Маро дар ёд надорӣ? Аввалин маротиба ба суроғи ту бо ҳамроҳи падарат ба хонаатон рафта будем. Он Шермати қотил дар назди ту худораҳматии падарат Сабурро лату кӯб кард, дар ёдат нест? Сонӣ охирин маротиба тую хоҳаратро аз хонаи мо ба ятимхонаю мактаб-парваришгоҳ бурданд.
Акмал аз ин суханони марде, ки чеҳрааш ба ӯ шинос менамуд, мисли хобу хаёл он лаҳзаҳои ҳайратбору ғамангезтарини давраи кӯдакиашро аҳён-аҳён ба ёд меовард. 10-15 дақиқа онҳо моту карахт рӯ ба рӯйи ҳамдигар истоданд. Дар охир аз қаъри дили Акмал мавҷи ғаму дарди айём ҷӯш зад ва ӯ дод гуфта, гирён худро ба бағали Ҳабибуллоҳ ҳаво дод. Онҳо ҳамдигарро ба канор гирифта, дергоҳ гиристанд. Дар ҳамин вақт устод Ҳақдодов Ҳақпараст дар назди онҳо ҳозир шуд ва аз асли воқеа огоҳ гардида гуфт: - Улуғбек, модоме ки баъди чандин солҳо аз нав амакатро пайдо карда бошӣ, ин хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёти шумо аст. Ин муждаи нек, ба қуллаи мурод расидани туро, Улуғбек, далолат мекунад. Ман ин воқеаро ба роҳбарамон, декан Холиқов, мерасонам. Имрӯз ба шумо ҷавоб! Ба хобгоҳатон рафта, аз дидори ҳамдигар сер шавед!
Акмалу Ҳабибуллоҳ рост ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рафтанд. Воқеаи пайдо кардани амакашро ба декани донишгоҳ фаҳмонданд. Акмалу Юлдуз ва Ҳабибуллоҳ ҳарсе дар хобгоҳи Акмал ҷамъ омаданд.
МУТОЛИАИ МАКТУБИ ПАДАР
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Аз ҳиссиёти дидори рӯйи дӯст дилҳояшон гурс-гурс мезад, чӣ гуфтану аз чӣ сар кардани суханро намедонистанд. Ҳабибуллоҳ, ки инсони калонсоли кордида, таҷрибаомӯхта буд, дар аввал онҳоро ором кард. Баъд аз саломатию хондан, чӣ тавр мактаб-парваришгоҳро хатм карданашон пурсон шуд. Онҳо бо тарзи хеле кӯтоҳ дар бораи шарҳи ҳоли гузаштаашон ҳикоя карданд. Баъд Ҳабибуллоҳ, барои боз ҳам ором кардану ба ҳаяҷон наовардани онҳо дар бораи падари асосии онҳо будани Сабур ва чӣ тавр фарзандхонд шуданашон аз тарафи Шермати қотил ҳикоя карда, дар охир гуфт: - Акмалҷон, дар ёд дорӣ, ту мактабхон будӣ ва дар маҳаллаи Кӯҳдоман зиндагӣ мекардед. Фасли хазонрез буд. Рӯзе ман ҳамроҳи падарат, падари асосиат – ҳамхунат, ки ту аз хуни ӯ пайдо шудӣ, ба суроғи тую хоҳарат рафта будем. Дар назди чашмони ту, он замон хоҳарат Юлдуз дар хонаи кӯдакон буд, Шермати қотил падари бемори чун халтаи пур аз устухонатро, ки нав аз сафари шашсолаи Русия омада буд, лату кӯб кард. Агар ҳамсояатон Дилшоди паҳлавон намешуд, он шағоли бадхашмомада падаратро зада-зада мекушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор