Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Садои қалби Муҳаммадрасули Раҷаби Иброҳимзода
АДЛ БУДӢ ПЕШАИ ОЗОДАГОН
Раҳму инсофу адолат дар ҷаҳон Гашта мағзи ҳикмати Нӯшервон.
Дар Хуросон буда Исмоили род, То абад арвоҳи покаш шод бод.
Чун Умар тақвои он Салмони Форс, Кас шунида мекунад арзи сипос.
Гашта номӣ дар ҷаҳон тахти Каён. Адл будӣ пешаи Озодагон.
Ин замон тоҷик тамаддунофар аст, Шуҳраташ овозаи баҳру бар аст.
Сарваре дорад хирадманду ҷасур, Мақдамаш пурфайзу симояш банур.
Исми поки ӯ бувад Эмомалӣ, Марди майдону ба аҳде чун Валӣ.
Офарин бодо ба азму ҷуръаташ, Сулҳ оварда ба халқу миллаташ.
Тоҷи шоҳӣ бар сараш зебанда аст, Пешвои одилу арзанда аст.
Баҳри иҷрои адолатҳои хеш Мекунад иҷро рисолатҳои хеш.
Ӯ парастори ятиму бенаво, Чун табибе медиҳад дилро даво.
Аҳли илму аҳли фарҳангу ҳунар, Шод аз ин раҳбари болоназар.
Баҳри мардум ҷонфидоӣ мекунад, НОБ-у нақбу роҳкушоӣ мекунад.
Бо дуои неки мардум раҳбараш, Мекунад марзи гулафшон кишвараш.
Тоҷикам поянда монад дар ҷаҳон, Бо чунин сарвар, ки дорад дар ҷаҳон.
Муҳаммадрасул Иброҳимзода.
БА НОМИ ХУДОИ БАХШОЯНДАИ МЕҲРУБОН
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ
Дини мубини Ислом мақоми падару модарро ба мартабае бардоштааст, ки башарият дар динҳои дигар онро ёд надорад, зеро Аллоҳ таъоло Имон овардан ва парастидани Зоти худро ба эҳсону некӯӣ кардан ба падару модар як ҷо зикр намудааст. Ӯ мефармояд:
"Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики вай қарор надиҳед ва ба падар ва модар накӯкорӣ кунед". (Сураи Нисо:36)
Солҳо бар ту бигзарад, ки гузар Накунӣ сӯйи турбати падарат. Ту ба ҷойи падар чӣ кардӣ хайр, То ҳамон чашм дорӣ аз писарат.
Саъдӣ
Бобои Собири 89-сола, ки худро падари дилшикастаю бахтбаргашта медонист, дар дами вопасин, охирин маротиба дар назди қосиди марг, яъне Малакулмавт (ҳазрати Азроил) аз ҷоҳилию нодонии хеш иқрор шуда, аз гуноҳони гузаштааш як ба як ҳисобот медод. Баъди ин ҳисоботи сангину тӯлонӣ ҷони азизашро бо сахтиҳои зор ба даргоҳи Ҷаббор супорид.
Ӯ дар ҳолате ҷон дод, ки аз ваҳми маргу Малакулмавт лабонаш хушкида, бо ҳам гӯё ширеш карда шуда буданд. Забонаш чун биёбони беоби ташналаб сӯхта, пора-пора гашта, дар комаш часпида карахт гашта буд. Ду чашмони калон-калон кушодааш, ба як нуқтаи коси (шифт) хона нигарон чизеро меҷуст. Ашки ҳасрат қатра-қатра аз чашмонаш ҷорӣ шуда, болини аз чирк зардгаштаро тар мекард. Ҷонзоде дар атрофаш наменамуд, ки бо пахта дар даҳонаш об чаконаду лабҳои ҷазак бастаашро тар кунад. Ку фарзанди қобиле, ки селаи магасони бар сару рӯяш нишастаро биронад?! Ку хешу табори муъмину мусулмоне, ки бо такрор исми поку бузурги Худои барҳақ, калимаи "Аллоҳ"-ро бо такрорҳои пайдарпай дар забонаш ҷорӣ кунад?! Ку муллои дилсӯзу нафскуштае, ки аз баҳри савоб ҳазрати "Ёсин"-ро дар болои сараш хатм кунад, то ҷон додан ба ӯ осонтар гардад?! Умуман, дар вопасин нафас, дар дами охирин сонияю дақиқаҳои башумормондаи ҳаёти 89-солаи бобои Собир касе ва чизе ба ғайр аз саги бовафояш Хайбар дар назду атрофаш набуд. Ӯ бесоҳиби яккаю танҳо буд ва имрӯз нигоҳбонаш фақат ҳамин ҳайвони безабон буду бас.

пешина
аз 78
навбатӣ