Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Китоби нави Муҳаммадрасул Иброҳимзода, ки ба дасти хонанда мерасад, "Мизони давр" ном дорад. Қиссаи "Васияти пеш аз марг", ки дар боло ёдоварӣ шуд, ба китоб дохил гардидааст.
Маҷмӯа боз дигар асарҳои нависанда, амсоли "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард"-ро низ дар бар гирифтааст. Ин асарҳо ба ҷуз он ҷиҳатҳое, ки пештар нисбати "Васияти пеш аз марг" баён шуд, боз як умумияти дигаре ҳам доранд. Он ҷанг аст, ҷанги дохилии бародаркуш. Ҷанге, ки ҳама одамиву ноодамиҳо, мардиву номардиҳо, покию нопокиҳои инсонро ба тарозу (Мизон) мегузораду баҳояшон медиҳад. Мавзӯъҳо аз рӯйдодҳои зиндагӣ аз назари адиб зиёданд ва онҳоро ба қадри тавоноӣ ба риштаи тасвир мекашад. Аз ҷумла, дар китоби "Мизони давр", ки манзури хонанда мегардад, ҳамин дарду доғҳо бозгӯ шудаанд. Бовар дорем, ки китоби тозаэҷоди нависанда Муҳаммадрасул Иброҳимзода ба мисли бисёр навиштаҳои дигари вай, ки мухлисон пайдо кардаанд, ба хонанда писанд меафтад. Ба ӯ дар роҳи пурмашаққати эҷод, ки солҳо боз роҳии он аст, барор ва комёбии нав орзумандам.
Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон
ЁДНОМА
Азизон, кардам иншо бас китобе, Ба қадри ҳимматам бурдам савобе. Навиштам саргузаште аз ниёям, Зи бобои табибу авлиёям. На аз баҳри тафохур карда эҷод, Ки дорам ман чунин ҷаддеву аҷдод. Чу буд ин қарзи ман дар пеши таърих, Навиштам сафҳаи дилреши таърих. Дар ин роҳу равишу кору ҷода, Кушодам розҳои нокушода. Зи айёми пур аз зулму пур аз ҷабр, Баён кардам ба "Офтоби паси абр". Чу "Панди авлиё" хуштар зи қанд аст, Ба мардум бас китоби дилписанд аст. Зи "Тибби Мавлавӣ" гулчин намудам, Давоҷӯро ба он талқин намудам. Навиштам "Моҷарои ишқи..." сӯзон, Зи ишқи духтари курди биёбон. Касе хонад, биёбад лаззати ишқ, Бигирад баҳраҳо аз давлати ишқ. Кунам аз таърихе огаҳ Шуморо, Навиштам пас "Зи Ромит то Бухоро...", Дар он кардам баён бо лутфи Маъбуд, Зи таърихи ду марди миллати худ. Ду марде, ки намуда қаҳрамонӣ, Вале монда, паси саҳна ниҳонӣ. Навиштам ман зи дарди қалби огоҳ, "Васияти пеш аз марг"-и ду гумроҳ. Ду гумроҳи пушаймонгаштаи зор, Даруни бистари маргу дилафгор. Кунун навбат ба "Фарзандони Ватан" шуд, Сифоти се бузурги илму фан шуд. Ба шоми тира чун ахтар намоянд, Дари розу ниёзҳое кушоянд. Расид умрам қариби шасту се сол, Намудам сарфи некиҳо ба ҳар ҳол. Кунам шукронаҳо, ки умр дидам, Ба умри Ҳазрати Аҳмад (с) расидам. Ҳар он чӣ навиштам бесамар нест, Зи боби авлиё, он беназар нест. Адибе бигзарад, монад китобаш, Ниҳад дар саҳфаҳо кори савобаш. Ба ту, хонанда, эй ёри гиромӣ, Ба ҷону дил бихоҳам некномӣ. Ба бӯстони маонӣ ҳамчу гул бош, Биё, боре миёни аҳли кул бош. Гаҳе ёд овари ту аҳли кулро Мабар аз ёди худ Маҳмадрасулро.

пешина
аз 78
навбатӣ