Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Вақте ки аз тарафи одам дараҷаи заруратии талабот фаҳмида гирифта мешавад, вақте ки мақсад ва роҳҳои иҷрошавии он маълум мегарданд, он гоҳ сухан дар бораи хоҳишҳо меравад.
Амалҳои иродавӣ протсесси мураккаб ба шумор рафта, се зина дорад. Якумаш зинаи пайдоиши саъю кӯшиш ба фаъолият ва дуюмаш зинаи муборизаи маромҳо мебошад. Барои одам танҳо донистани мақсади гузошташуда кам аст, инчунин бояд маромҳоеро низ донист, ки одамро барои ин тавр ё он тавр рафтор кардан маҷбур кардаанд. Зинаи муборизаи маромҳо бо қабул кардани қарор тамом мешавад. Сипас зинаи сеюм фаро мерасад, ки дар он қарори қабулкардаро иҷро мекунанд ва он бартараф намудани монеаҳои ҳам берунӣ ва ҳам дарунӣро дар бар мегирад.
Аз хусуси сустӣ ва ё пурқувватии ирода сухан ронда, қайд кардан зарур аст, ки ин мафҳумҳо вобаста ба дараҷаи зоҳиршавии амалҳои иродавӣ мазмунан гуногун шуда метавонанд. Саъю кӯшиши нокифоя ба фаъолият боиси сустии ирода мегардад, ки ин аз беташаббусӣ шаҳодат медиҳад. Вақте, ки одам аз зинаи дуюм, яъне муборизаи маромҳо баромада наметавонад, ҳангоме, ки калавиши дуру дароз ба амал меояд ва маслиҳату машварат зарур мешавад, он гоҳ ин беҷуръатии ӯро нишон медиҳад. Агар дар зинаи сеюм, вақте, ки қарор қабул карда мешаваду монеаҳо бартараф намегарданд ва хоҳишҳо реалӣ намешаванд, он гоҳ, мегӯянд, ки дар чунин одамон устуворӣ намерасад.
И.П. Павлов асосҳои нейрофизиологии амалҳои ихтиёриро муайян намуда, қайд мекунад, ки ин омилҳо дар натиҷаи фаъолияти соҳаи кинестезии пӯстлоқ ва фаъолияти нӯгҳои дар пӯстлоқ воқеъгаштаи анализаторҳо ба вуҷуд меоянд. Пас амалҳои ихтиёрӣ натиҷаи фаъолияти таҳлилию таркибии пӯстлоқи майнаи сар мебошанд.

пешина
аз 223
навбатӣ