Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ИРОДА ВА СИФАТҲОИ ИРОДАВИИ ШАХС
Одам олами иҳотакардаро бо воситаи эҳсосу идрок ва хотира на танҳо инъикос менамояд, балки онро мувофиқи мақсаду талаботҳои худ дигаргун месозад. Мо мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр одам чизеро рад карда, барои бартараф намудани монеаҳо қувваи ақлию ҷисмонии худро сарф мекунад ва баҳри мақсади гузошташуда кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Одам бо ёрии тафаккур мақсадро аниқ намуда, барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ кай ва дар куҷо ба кор андохтани тамоми қувваю кӯшишҳои худро муайян мекунад. Аксар вақт расидан ба мақсад бо бартараф намудани душворию монеаҳои объективию субъективӣ алоқаманд аст.
Чунин фаъолияти психикии одам, ки дар амалҳои шуурона ва барои ба даст овардани мақсади муайян нигаронида шудаанд, зоҳир мегардад, ирода номида мешавад. Аз таърифи додашуда бармеояд, ки ба таври алоҳида ва махсус дар бораи протсессҳои иродавӣ сухан рондан комилан хатост.
Дурусттараш дар бораи қисматҳои иродавии ҳар як амали психикӣ, ҳар як ҳаракати психикӣ сухан гуфтан ба мақсад мувофиқ аст.
Психика табиати ягонаро дорад ва тақсим намудани он ба ақл, ҳиссиёт, ирода шартӣ аст ва аз ин рӯ беҳтараш бигӯем, ки дар ҳар рафтори мо, дар ҳар амали психикӣ амали иродавӣ низ ҳамчун қисми таркибӣ иштирок мекунад.
Ҳаракати аз ҳама оддии психикиро, ки ба қонеъ гардонидани талаботҳо равона карда шудааст, майл меноманд. Майл ҷаҳду кӯшиши номуайян ва соддаи одамро ба фаъолият ифода намуда, дар он амал ва мақсад ҳанӯз ноаниқ аст.

пешина
аз 223
навбатӣ