Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Тақсимоти диққат хусусияти муҳими протсесси диққат буда, қобилияти дар як вақт ба ду ё зиёда объект равона кардани фаъолияти шуур мебошад. Ин хусусиятро дар хонандагон тарбия намудан зарур аст, зеро ки онҳо дар рафти фаъолияти таълимӣ ҳамеша бо якчанд объект сару кор пайдо мекунанд. Масалан, хонанда ҳангоми навиштани диктант бояд дар як вақт ҳам гӯш кунаду нависад ва ҳам фикр кунаду навиштаашро санҷад.
Маҳорати тақсим карда тавонистани диққат дар фаъолияти амалӣ ҳосил карда мешавад. Одатан дар ҷараёни фаъолият дар маркази диққати одам фақат ягон объекти аниқ мемонаду қисми дигараш дар атрофи он ҷойгир мешавад. Аз нуқтаи назари физиологӣ ин бо мавҷудияти фақат як манбаи оптималии ҳаяҷон дар пӯстлоқи майнаи сар шарҳ дода мешавад.
Мутамарказияти диққат ҳамчун хусусияти муҳимтарин, дар доираи як объект ё фаъолият нигоҳ доштани фаъолияти психикӣ ва эътибор нагирифтани дигар ҳодисаю объектҳоро дар бар мегирад. Шахс дар ин ҳолат пурра ба фаъолият дода мешавад ва ягон дақиқа ҳам аз он фикри худро канда намекунад, ҳатто чи тавр гузаштани вақтро намефаҳмад. Ҳамаи ин қувваи калони мутамарказияти диққатро ифода мекунад.
Устувории диққат – ин муддати дароз дар доираи як объект нигоҳ доштани диққат мебошад.
Ин хусусияти диққат ба якчанд сабабҳо вобаста аст: ба қувваи протсесси асабӣ, характери фаъолият, муносибат ба кор, одатҳои устуворшуда ва ғ.
Ҳолате, ки ба диққати устувор муқобил аст, дуршавӣ мебошад, ки дар калавишҳои диққат ифода меёбад.
Кӯчонидани диққат – ин бо мақсад нигаронидани фаъолияти психикӣ аз як объект ба объекти дигар мебошад. Кӯчонидан аз парешонии диққат бо дараҷаи фаҳмидашавии мақсаду вазифаҳое, ки шахс гузоштааст, фарқ мекунад. Баъзе одамон аз як фаъолият ба фаъолияти дигар зуд гашта метавонанд, баъзе одамони дигар суст. Аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор