Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

баъдиихтиёрӣ номида мешавад, ки дар асоси диққати ихтиёрӣ ва баъди он ба вуҷуд меояд.
Диққати баъдиихтиёрӣ бо пастшавии кӯшиши иродавӣ тавсиф дода шуда, бештар вақт бо хусусиятҳои шахс муайян карда мешавад.
Вобаста ба он, ки объекти диққат дар олами берунӣ ҷойгир шудааст ва ё дар шакли эҳсосот, фикр, таассуроти шахс вуҷуд дорад, намудҳои диққати берунӣ ва дохилиро ҷудо мекунанд. Диққати берунӣ барои ба тартиб даровардани фаъолияти ҷисмонии одам имкон медиҳад.
Диққати дохилӣ бо фаҳмидани фаъолияти худ, олами ботинии худ ва бо худшиносӣ алоқаманд аст. Диққати берунӣ ва дохилӣ фаъолияти якдигарро бозмедоранд, чунки якбора ба ҳодисаҳои берунӣ ва ботинӣ равона кардани фаъолияти шуур душвор аст. Шахс бе диққати дохилӣ амали ояндаи худ ва натиҷаи имконпазири онро пешбинӣ карда наметавонад. Маҳорати фикр кардан ва бо андеша амал намудан бо функсияи диққати дохилӣ алоқаманд аст.
Намудҳои диққати дида баромадашуда дар навбати худ ба ташаккули хислатҳои шахс боис мешаванд.
Хусусиятҳои диққат
Хусусиятҳои асосии диққат инҳоанд: ҳаҷми диққат, тақсимоти диққат, мутамарказияти диққат, устувории (калавиш ё дуршавӣ)-и диққат, кӯчонидани диққат.
Ҳаҷми диққат ба миқдори объектҳое, ки дар як вақт ба дараҷаи кифоя равшан дарк карда мешаванд, чен карда мешавад. Масалан, азбаски хонандаи синфи якум фақат ба ҳарф ё ҳиҷо диққати худро равона карда метавонад, бинобар ин ҳангоми хондан ӯ ба душвориҳои зиёде дучор меояд; хонандае, ки малакаи хонданро дорад, диққати худро якбора ба якчанд ҳарфҳо, ки калимаро ташкил медиҳанд, равона мекунад. Ҳаҷми диққат ба хусусиятҳои объектҳои даркшаванда, ба таҷриба ва вазифаи гузошташуда вобаста аст.

пешина
аз 223
навбатӣ