Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ДИҚҚАТ. НАМУДҲОИ ДИҚҚАТ
Ба одам ҳамеша миқдори зиёди ангезандаҳо (равшанӣ, садо, ҳаҷм, масофа ва ғ.) таъсир мерасонанд, вале онҳо бо аниқӣ ва пуррагии гуногун фаҳмида гирифта мешаванд. Ин ба характери фаъолияти шахс вобаста аст. Барои бомуваффақият ҷоришавии фаъолияти одам нигаронидани фаъолияти психикӣ ба предмету ҳодисаҳои муайян, инчунин ба эҳсосу фикрҳо ва умуман ба протсессҳои психикӣ ва аз ҳама чизҳои боқимонда дур шудан зарур аст.
Нигаронидани фаъолияти психикӣ ба предметҳои муайяни ҳақиқат, ки инъикоси махсусан равшани онҳоро таъмин мекунад, диққат номида мешавад.
Механизми физиологии диққат ҳамчун протсесси психикӣ ниҳоят мураккаб аст. Асосан протсесси нигаронидани фаъолияти психикӣ ба объект бо мавҷудияти манбаи оптималии ҳаяҷон дар майнаи сар (И.П. Павлов) муайян карда мешавад.
А.А. Ухтомский таълимоти доминанта, яъне манбаи ҳукмфармои ҳаяҷонро ба миён гузошт, ки он аз манбаи оптималии ҳаяҷон бо дараҷаи баланди устувориаш фарқ мекунад. Доминанта на танҳо манбаи ҳаяҷони аз нав пайдошударо бозмедорад, балки ба пурқувватшавии фаъолияти қисматҳои муайяни пӯстлоқи майнаи сар ё худ марказҳои асаб низ мусоидат мекунад.
Механизми ба вуҷуд омадани диққат дар майнаи сари одам нисбат ба ҳайвон мураккабтар аст ва он бо фаъолияти системаи дуюми сигналӣ зич алоқаманд аст.
Диққати одам дар хусусиятҳои зоҳирӣ, яъне дар андом ва қиёфаи ӯ аён мешавад. Донистани ин ҷиҳат маҳз ба онҳое зарур аст, ки бо кӯдакон

пешина
аз 223
навбатӣ