Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ҳассосӣ чунин сифати одамон аст, ки он майли пассивона дар дарк кардани олами иҳотакардаро дар асоси ҳиссиёту таассуроти худ ифода мекунад.
Рағбатнокӣ дар серҳаракатию пурғайратии одамон зоҳир мешавад ва ба одамони дорои таассуротҳои бойи эмотсионалии ҳаёт хос мебошад. Бар хилофи онҳо одамони «дилсард» бо кам будани таассуротҳои дар ҳаёташон азсаргузаронида тавсиф дода мешаванд.
Сифатҳои зикршудаи шахс ба одамон дар дараҷаҳои гуногун хос мебошанд. Пайвасти ин сифатҳо дар шахс симои такрорнашавандаи психикии ӯро ба вуҷуд меоварад.
Ҳиссиёт ва эмотсия дар ҷараёни ҳаёт инкишоф ва такмил меёбанд.
Одам худро дониста гирифта, бо ин идора карда тавонистани ҳиссиётҳои худро ёд мегирад.
И.П. Павлов қайд мекард, ки дар ба тартиб даровардани соҳаи эмотсионалӣ боздории дохилии фаъоли ҳосилкардашуда роли бузург мебозад, ки зимни он иродаи тарбияёфта дар назар дошта шудааст. «Фарз кардем, – мегӯяд И.П. Павлов, – одами бо системаи асаби зуд ба ғазаб оварда шуда мехоҳад, ки қаҳру ғазаби худро бо суханони дурушт ифода кунад, вале боздории дохилӣ ба ин имконият намедиҳад. Ин як шакл аст. Агар одам ғазаби худро бо калимаҳои дурушт ифода кардан хоҳад, вале аз оқибатҳои вазнини он тарсад ва худро нигоҳ дорад, он гоҳ ин шакли дигар аст. Ин дар ҳолати якум – боздории фаъол ва дар ҳолати дуюм – боздории берунӣ ё пассивона аст».
Тараққиёти соҳаи эмотсионалии одам аз овони кӯдакӣ сар мешавад.
Хусусиятҳои системаи асаб, шароитҳои ҳаёт ва фаъолияти одам, талабот ва шавқу ҳавасҳои ӯ, доира ва характери муошират – ҳамаи инҳо шароитҳои муҳимтарини ташаккули соҳаи эмотсионалии шахс мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор