Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

худ ба вуҷуд намеояд. Ӯ саъю кӯшиши донистани чизи наверо мекунад, ки онро барои беҳтар фаҳмидан ва дигаргун сохтани муҳити гирду атроф истифода барад.
Ҳамин тариқ, зинаи якуми протсесси тафаккурро фаҳмидан ва батартибдарории масъала ташкил медиҳад.
Зинаи марказии протсесси тафаккур ҳангоми ҳалли масъала ба қисмҳои ташкилкунанда ҷудо кардани (анализ) предмет ё ҳодиса ва ба шакли яклухту том якҷоя карда (синтез) муайян кардани алоқаҳои пештар номаълумро дар бар мегирад (масалан, анализи хун гирифтории беморро ба варам, газак ва ғ. муайян мекунад).
Одам кадом масъалаи фикриеро ҳал накунад, ӯ ҳамеша амалҳои анализ ва синтезро истифода мебарад. Анализ ва синтезро ҳамчун ҳодисаҳои аз ҳамдигар ҷудо ҳисобидан хатост. Онҳо ду тарафи фаъолияти ягонаи фикрӣ буда, асоси онро ташкил медиҳанд.
Чунин хусусиятҳои алоқамандии анализ ва синтез мавҷуданд:

  1. Анализи чизи кулл (хун) ҳамеша ба муайян намудани алоқаҳои байни қисму ҷузъҳои он (муносибати байни элементҳои шаклдори хун) вобаста аст ва он ҳама вақт синтез мебошад, яъне он зинаи аввалини дониста гирифтани предмет ва ҳодисаҳои табиат (варам, газак, лейкоз ва ғ.) ба шумор меравад.
    Масалан, ин ё он навъи касалиро аввал ҳамчун кулл (синтези I) идрок карда метавонем. Сипас зуҳуроти шаклҳои алоҳидаи ин навъи бемориро тавсиф намуда (анализ), прогноз ё пешбинии гуногуни онро (синтези II) мекунем. Дар мисоли овардашуда ягонагии протсесси анализ ва синтез нишон дода шудааст. Мувофиқи он ҳар гуна протсесси тафаккур аз се зинаи иҷро иборат аст: синтези I – анализ – синтези II.
    Ҳамин тариқ, анализ ва синтез асоси ҳар як фаъолияти фикрӣ мебошанд. Қувва ва дараҷаи инкишофи тафаккури одам дар ҳар ҳолати
пешина
аз 223
навбатӣ