Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳодисаҳо ва алоқаи байни онҳо таҷассум ёфтааст. Ҷамъбасткунандагии тафаккур имконият медиҳад, ки одам на танҳо масъалаҳои конкретии ҳозираро ҳал кунад, балки рафти ҳодисаҳо ва натиҷаи амалҳоро низ пешбинӣ намояд. Масалан, диагнози гузоштаи духтур, прогнози ӯ аллакай пешбинии оянда аст.
Одам ба дастовардҳои илм, таҷрибаи ҳаётӣ ва касбии худ такя карда, ҳамон хел мафҳум, қоида, вобастагӣ ва қонунҳоеро интихоб мекунад, ки истифодаи онҳо дар ҳолати додашуда заруранд.
Инъикоси бавоситаи ҳақиқати иҳотакарда ҳамчун хусусияти тафаккур онро ифода мекунад, ки мо тамоми таҷрибаи ҷамъиятӣ-таърихиро, ки насли пешина ба даст овардааст, ба насли наврас ба шакли тайёр медиҳем.
Дар нутқ фактҳо, қонуну алоқаҳои ҷамъбастшуда ва вобастагии байни ҳодисаҳои табиат таҷассум меёбанд. Насли наврас ин донишҳоро ба намуди тайёр бевосита қабул мекунад. Кашфиётҳои наслҳои гузашта, ки ба туфайли тафаккур ба вуҷуд омадаанд, дар амалияи ҳаррӯза аз тарафи насли наврас барои ҳалли масъалаҳои гуногуни гузошташуда истифода бурда мешаванд.
Асбобҳое, ки одам меофарад, қатъи назар аз он ки содда ё мураккабанд, ба фаҳмиши бавоситаи ҳақиқат хизмат мекунанд. Масалан, ба воситаи электрокардиограмма, таҳлили хун ва дигар методҳои параклиникии тадқиқот имкониятҳои донистагирии духтур васеъ мешавад.
Фаъолияти фикрии одам якчанд зинаҳоро дорад. Протсесси тафаккур аз талаботи чизеро фаҳмидан ё донистан сар мешавад. Одатан, зинаи аввали фаъолияти фикриро талаботҳои инсон (моддӣ ё маънавӣ) муайян мекунад. Дар инсон талаботи фаҳмидани чизи номаълум худ аз

пешина
аз 223
навбатӣ