Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

маромҳои шахсиро ба маромҳои ҷамъиятӣ тобеъ намояд, ба рафтори худ ва дигарон аз рӯи қоидаю талабҳои мураббиёну волидайн баҳо диҳад.
Кӯдакон одатан барои боз доштани майлу хоҳишҳои бевоситаи худашон чунин маромҳоро истифода мебаранд: аз тарафи калонсолон манъ кардан, туҳфа додан, ҷазодиҳӣ ва ғайра.
Дар синни томактабӣ баъзе зуҳуроти хислатҳои иродавии характер ташаккул меёбанд. Кӯдакони 3–4-сола рафтори ҳаракатии худро ҳоло назорат карда наметавонанд, вале дар 6–7-солаҳо аллакай устувории назораткунӣ нисбатан ҳис карда мешавад. Суботкорӣ барин хислати шахс ба ташаккул ёфтан сар мекунад ва он мунтазам ба тақвиятдиҳии калонсолон эҳтиёҷ дорад, масалан, ҳангоми барори кор изҳори таҳсин намудан.
Зуҳуроти хислатҳои иродавии характер чунон номуташаккил аст, ки дар хусуси қувваи ирода ва устувории характер ҳоло сухан рондан душвор аст. Дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ сатҳи шуури ахлоқии онҳо роли бузург мебозад. Кӯдак дар синни 2–3-солагӣ ҳоло маънои талаби калонсолонро дарк намекунад ва фақат ба онҳо итоат намуда, ҳангоми иҷрои ин ё он амалҳо на ҳамчун ифодаи донистани вазифаи худ, балки чун қонеъгардонии талабот ва шавқу ҳаваси худ шодӣ ё ғамгиниро эҳсос менамояд. Ин пеш аз ҳама барои ташаккули ҳисси вазифашиносӣ дар оянда замина мегузорад. Кӯдаки 4–5-сола дар асоси таҷрибаи андухтаи солҳои аввали ҳаёт ва тасаввуротҳои аввалини ахлоқӣ моҳияти талабҳои ба ӯ изҳор кардашударо аллакай метавонад фаҳмида гирад ва аз нуқтаи назари ҳамин талабҳо ба рафтори худ ва рафиқонаш метавонад баҳо диҳад. Ҳисси вазифашиносӣ дар синни калони томактабӣ боз ҳам баландтар мегардад. Кӯдак зарурати қоидаҳои рафторро мефаҳмад, кирдорҳои худро бештар ба онҳо тобеъ менамояд ва аз ин рӯ ҳисси вазифашиносӣ дар ин давра нисбатан устувортар зоҳир мешавад.

пешина
аз 223
навбатӣ