Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Хаёли кӯдакони синни томактабӣ ба андозаи зиёд беихтиёр аст ва одатан предмети хаёли онҳо чизест, ки бештар таассурот мебахшаду сахт ба ҳаяҷон меоварад. Хаёли ихтиёрӣ дар намудҳои фаъолияти сермаҳсули кӯдаки ин давра ташаккул ёфтан мегирад. Тараққиёти хаёл дар алоқамандӣ бо тараққиёти нутқ ва умуман бо соҳаи маърифат ба вуҷуд меояд.
Тараққиёти шахсияти кӯдак дар синни томактабӣ
Синни томактабӣ синну солест, ки дар он ташаккули шахсияти кӯдак ба амал меояд. Шахс ҳамчун пайвастагии протсессҳои психикӣ, ҳолатҳои психикӣ ва хусусиятҳои индивидуалӣ-психологӣ зуҳуроти худро аз давраи ибтидоии бачагӣ сар мекунад, вақте ки кӯдакон ҳамон як предмету ҳодисаҳои ҳақиқатро ба таври гуногун дарк мекунанд ва ба онҳо эътибор медиҳанд. Фарқияти индивидуалии кӯдакон бо сифатҳои мерос гирифташудаи системаи асаб, бо хусусиятҳои ҳолати саломатӣ ва тараққиёти ҷисмонӣ, бо қаноатманд намудани талабҳои онҳо ба хӯрок, ғамхорӣ ва таассуротҳои нав шарҳу эзоҳ дода мешавад. Ҳанӯз дар синни ибтидоии кӯдакӣ кӯдакони ором, ноором (ҳаяҷонпазир), фаъол, гирёнчак, зиндадилро фарқ кардан мумкин аст. Заминаҳои табиии тараққиёти психикӣ дар ин давра ба дараҷае эҳсос мешаванд, ки дар фарқ намудани характер аз мизоҷ ва хусусиятҳои биологию иҷтимоӣ дар шахсияти кӯдак душворӣ кашида метавонем.
Бо вуҷуди ин, бо ақидаи А.Н. Леонтев пурра розӣ шудан мумкин аст, ки мувофиқи он маҳз дар синни томактабӣ симои психологии кӯдак ташаккул меёбад. Дар ташаккули шахсият ва характери кӯдаки синни томактабӣ инкишофи протсесси бошуурона амал кардан роли муҳим мебозад, ки ин хусусан дар интихоби маромҳои асосии фаъолият мушоҳида мешавад. Маромҳои рафтор барои муайян кардани равияи шахсияти кӯдак дар давраи томактабӣ ниҳоят заруранд. Имконияте пайдо мешавад, ки кӯдак мувофиқи мақсадҳои дур амал кунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор