Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Амал кардан бо олот барои тараққиёти психикӣ аҳамиятнок буда, ба туфайли он амалҳо боз ҳам мақсаднок мешаванд.
Азхуднамоии протсесси амал кардан бо олот дар рафти омӯзиш ҳангоми роҳбарии мунтазами калонсол, ки амалро нишон медиҳаду дасти кӯдакро рост мекунад, сурат мегирад, яъне худи принсипи истифодабарии олоти амал кардан аз худ мешавад.
Аввалан ашё ба сифати олоти оддӣ истифода мешавад. Аллакай кӯдак аз назари психологӣ ба фаъолияти предметӣ ворид шуда, минбаъд тараққиёти иҷтимоии ӯ бо азхудкунии меъёрҳои ахлоқӣ, бо азхудкунии баъзе шаклҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо одамон, бо воситаҳои «инсонии» истифодабарии ашё муайян карда мешавад. Мароми фаъолият, системаи сабабҳои водоркунанда инкишоф меёбанд. Ҳамин тариқ, на танҳо муносибат бо ашё, одамон, балки бо худаш низ ташаккул меёбад. Худбаҳодиҳии мусбат («Ман худам») ба амал меояд, ки ин барои бамуваффақият тараққӣ додани психикаи кӯдак дар давраи минбаъдаи тараққиёт низ беҳад зарур мешавад.
Дар соли сеюми ҳаёт намудҳои нави фаъолият – бозӣ ва намудҳои сермаҳсули фаъолият (расмкашӣ, гаҷкорӣ, нақшкашӣ) ба вуҷуд меоянд.
Аввалан кӯдакони давраи ибтидоии бачагӣ бо предметҳо амал мекунанд, сипас маънои предметро дар рафти бозӣ фаҳмида мегиранд. Кӯдакон дар асоси тақлид амалҳои конкретии калонсолонро (модар, мураббӣ, доя, духтур, ронанда) тасвир мекунанд, бозиҳои ролӣ инкишоф меёбанд ва мувофиқан дар ҷараёни бозӣ азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд, малакаҳои фаъолияти меҳнатӣ ташаккул ёфтан мегиранд, ки дар ибтидо дар шакли худхизматрасонӣ ва ёридиҳӣ ба калонсолон дар кору бори хона зоҳир мешавад.
Агар синну соли навзодӣ давраи тайёрии азхудкунии нутқ ҳисобида шавад, он гоҳ дар давраи ибтидоии бачагӣ ин роҳи тараққиёт давом ёфта, барои азхудкунии нутқ ҳамчун давраи мувофиқ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор