Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекунанд. Кӯдак на танҳо мебинаду мешунавад, ӯ бо шавқу рағбат ба таассуротҳои биноию шунавоӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва аз онҳо лаззат мебарад. Қувваи биноӣ ва шунавоӣ рафтор, идрок ва тафаккурро идора менамоянд, ба кӯдак барои муайян кардани мавқеи худ дар олами иҳотакарда мусоидат мекунанд. Предметҳо барои кӯдак оҳиста-оҳиста аз паси таассуротҳои дигаршаванда ҳамчун чизе, ки доимо дар олами иҳотакарда вуҷуд дорад ва сифатҳои муайянро соҳибанд, баромад кардан мегиранд. Ба қавли дигар, дар охири ин давраи синнусолӣ дар асоси аз тарафи калонсолон ташкил намудани ҳаракату амалҳои кӯдак, дар ӯ тасаввуротҳои аввалин дар бораи олам ҳосил мешавад ва шаклҳои соддаи идроку тафаккур ба вуҷуд меоянд.
Тавсифи давраи ибтидоии кӯдакӣ (аз 1 то 3-солагӣ)
Психологҳо В.С. Муҳина, А.А. Люблинская, М.И. Лисина ва дигарон муваффақиятҳои асосии ин давраро дар ростшавии комати кӯдак, инкишофи фаъолияти предметӣ ва азхудкунии нутқи ӯ дидаанд, ки онҳо бо муоширати кӯдак бо одамони ӯро иҳота карда зич алоқаманданд.
Кӯдакон дар охири яксолагӣ ва ё худ дар ибтидои соли дуюми ҳаёти худ ба гузоштани қадамҳои нахустин сар мекунанд, ки онҳо аввалан бечуръатона буда, сипас боз ҳам мустаҳкаму устувортар мегарданд. Ростгардӣ ба худи кӯдак ва атрофиёнаш ҳаловат ва хурсандии зиёде мебахшад. Кӯдак гашти худро мураккаб намуда, ба давидан сар мекунад. Чунин ҷойивазкунӣ доираи ашёи аз тарафи кӯдак маърифатшавандаро якбора васеъ менамояд. Кӯдак оҳиста-оҳиста ба фаъолияти предметӣ мегузарад, ки он дар ин давраи синну сол ҳамчун намуди пешбаранда шуда мемонад. Кӯдак ба туфайли фаъолияти предметӣ вазифаҳои ба ашё хосро аз худ менамояд: алоқаи амал бо предмет дар натиҷаи иҷрои ҳар гуна амалҳои ба кӯдак маълум то ба озодона истифода бурдани предметҳо мувофиқи вазифаашон инкишоф меёбад.

пешина
аз 223
навбатӣ