Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Майнаи сари навзод ба туфайли машқдиҳии узвҳои ҳис расидани сигналҳои гуногун аз олами берунӣ инкишоф меёбад, ки ташкилкунандаи он калонсол мебошад. Протсесси нигаронидани қувваи биноӣ ва шунавоӣ ташаккул меёбад, аксуламалҳои эмотсионалии чун гиря ва табассум, ки ҳиссиёти азоб ва муносибатро ифода мекунанд, ба вуҷуд меоянд. Дар кӯдак дар охири давраи навзодӣ аксуламали махсуси эмотсионалию ҳаракатӣ ба калонсол, яъне комплекси ҷонкунӣ намоён мешавад.
Ҳаёти кӯдак пурра ба калонсолон вобаста аст, ки онҳо талаботҳои органикии ӯро қонеъ мегардонанд – мехӯронанд, оббозӣ медиҳанд, аз як тараф ба тарафи дигар мегардонанд ва инчунин талаботҳои афзояндаро ба таассуротҳои гуногун қонеъ месозанд. Фаъолияти якҷояи калонсолон ва кӯдак аз он иборат аст, ки чӣ тавр калонсол амалиёти кӯдакро роҳбарӣ менамояд ва инчунин чӣ тавр кӯдаки хурдсол имконияти ҳалли ин ё он амалро надошта, барои мададу ёрӣ ба калонсолон муроҷиат мекунад. Дар давраи кӯдакӣ қобилияти тақлид намудан ба рафторҳои калонсолон инкишоф меёбад. Кӯдак дар ҳафт-даҳмоҳагӣ бодиққат ҳаракатҳо ва нутқи калонсолонро назорат карда, кӯшиши такрор намудани онҳоро мекунад.
Протсессҳои психикӣ ва сифатҳои кӯдак зери таъсири шароитҳои ҳаёт, тарбия ва омӯзиш ташаккул меёбанд. Муносибати кӯдак ба олам аз ибтидо муносибати иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ мебошад, ки дар асоси муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо калонсолон ба вуҷуд меояд.
Талабот ба протсесси муошират барои пайдоиши тақлид намудан ба овозҳои нутқи инсонӣ заминаро ба вуҷуд меорад. Кӯдак танҳо садо медиҳад, норавшан овоз мебарорад, сипас дар асоси тақлид намудан ба овозҳои табиии худ ва нутқи шунидашудаи калонсолон ҳамчун амали ҷавобӣ беробита гап задан ба вуҷуд меояд, ки дар он тайёрӣ ба протсесси муошират намудан ифода меёбад. Аҳамияти беробита

пешина
аз 223
навбатӣ