Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТАРАҚҚИЁТ ДАР ДАВРАИ СИННИ КӮДАКӢ ВА ИБТИДОИ БАЧАГӢ
Давраи кӯдакӣ соли аввали ҳаёти кӯдак ва синни ибтидоии бачагӣ аз 1 то 3-соларо дар бар мегирад.
Дар давраи кӯдакӣ синни навзодиро ҳамчун давраи алоҳидаи ҳаёт ҷудо мекунанд, ки дар он ба намуди тоза зуҳуроти шаклҳои модарзодӣ ва инстинктивии рафторро мушоҳида кардан мумкин аст. Шаклҳои рафтори инстинктивӣ ба қонеъ намудани талаботҳои органикӣ равона шудаанд ва бояд гуфт, ки қонеъгардии онҳо асоси тараққиёти психикиро ташкил надода, балки зинда мондани кӯдакро таъмин мекунад. Таваллуд барои организми кӯдак як навъ шикасти калон аст, чунки муҳити зиндагии ӯ тез дигар шуда, алоқаҳо бо организми модар канда мешаванд, яъне ҳаёти мустақилона шурӯъ мешавад.
Рефлексҳои ғайришартии кӯдак бар хилофи бачаи ҳайвон зоҳиршавии шаклҳои рафтори одамро таъмин намекунанд. Дар байни рефлексҳои ғайришартӣ рефлексҳои атавистӣ (рефлекси дошта гирифтан, рефлекси хазидан) мавҷуданд, ки онҳо то охири давраи навзодӣ хомӯш мегарданд. Онҳо асоси тараққиёти психикӣ намебошанд.
Хусусияти асосии навзодро имкониятҳои беҳудуди азхуднамоии таҷрибаи нав, ҳосил намудани шаклҳои ба одам хоси рафтор, инкишофи талаботҳои нав (ба таассурот гирифтан, дар ҳаракат, дар муошират бо калонсолон) дар бар мегирад, ки дар асоси маҳз онҳо тараққиёти психикӣ ба амал меояд.
Тараққиёти қувваи биниш ва шунавоӣ дар навзод нисбат ба тараққиёти ҳаракатҳои ҷисмонӣ, ки махсус бо парпеч кардани кӯдак маҳдуд мешаванд, тезтар ба вуҷуд меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор