Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале ба ҳар ёфта қаноат набуд. Меҷустанду меканданду меёфтанд. Сонӣ ба Шинг рафтанд. Таррор – он кўҳи сурхро иҳота карданд. Дар деҳаи Вағаштон манзил гузиданд. Аз ҳама ҷойҳое ки мегашту кор мекард, кори ин ҷо ҷиддитар менамуд. Ҳамчун
1 қаҳрамонони дами селобҳоро мегирифтагӣ, ки аз чўб сепояҳо сохта, соҳилро мустаҳакам карда, шасти обро ба дигар маҷро гардонанд, бар сари чоҳҳои пармагарӣ низ сепояҳо месохтанд, то вазни танобу пармаву трубаҳои оҳаниро бардорад. Сепояро менишонданд бар чоҳи борики нав пармакарда ва бар он пармаи симтаноб васлкарда мефиристоданд ва об мерехтанд даруни он ва парма синаи сангии кўҳро сўрох мекард, то замоне, ки парма санги санҷиш мебардошт. Пасон пармаро бозпас кашида, сангрезаҳо бар халтачаҳо гирифта, даҳонашонро баста ба санҷиш мефиристоданд сўйи санҷишгоҳҳо. Экспедитсияи МГРЭ, ки ба он партияи Моғиён, Шинг ва Заврон дохил мешуд, бо корҳои ниҳоят ҷиддӣ машғул буд.
Шогирди пармагар буд, худ пармагар шуд. Ва ўро ҳамчун шахси лаёқатнок ба мактаби олии геологии Осиёи Миёнагии шаҳри Тошканд хондан фиристоданд.
Аммо хубтарин ва наздиктаринаш ўро кони Мушистон хуш омада буд, ки худи ў ин конро ёфтаву кофта бошад. Хушнуд, ки ватанро қалъагӣ медиҳад.
Роҳро кушод мекунад, аммо хонааш танг. Роҳро кушод ва гардишгоҳҳоро васеътар мегардонад, ки бародараш Абдуазиз аз ҷабри роҳи танги кони Канте ва гардишгоҳи оринҷак бо мошин ба ҷарӣ рафта, мурда буд. Аз ҳамин алам Абдуҳамид ҳар қадар метавонад роҳро кушод мегардонад, аммо соҳати хонаашро фарох карда наметавонад.
— Очилдӣ, ту раиси хоҷагӣ, хеши худамон, ягон бор фикр мекунӣ, ки акот чӣ азоб дорад?
— Не, ако.
— Албатта не. Чунки худат таъмин.
— Чӣ гап шудаст, ако?
— Баччаҳо, худоро шукр, калон мешаванд. Ҷойи хоб намерасад.
Намешад, ки ягон ҷой...
— Шумо дар рўйихати дафтари хоҷагии колхозӣ нестед.
Шумо – геолог. Ба шумо замин дода наметавонам. – гўё аз ин хусус пештар Очилдӣ фикр карда ба ҷавоб тайёрӣ дида будааст, ки якбора фаҳмонд.
- Копёр — Ман геолог бошам ҳам, аз Панҷрўд накўчидаам-ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё