Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Ин хелашро надида будам» табассум мекард падар.
Падар сечархарониро дар роҳи қирпўши назди бинои мактаб ва паҳлўи Осорхонаи Рўдакӣ ёд гирифт. Аз назди мактаб савор шуда ба роҳи рост нишеб мерафт ва баъд аз поён оҳиста-оҳиста ронда меомад. Он ҷонвари сечарха ҳам, тавонӣ, ба ҳар роҳ мерафт. Аммо онро ба Куҳанқалъа бароварда то назди хонаамон баровардан чандон осон набуд.
Падарам ба мо чизе нагўяд ҳам, аз рафти кор пай мебурдем, ки пешрав аст хизмати ў. Вале ў ба ин чизҳо чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳад ва дағдағаву валвала ҳам надорад. Сечархаро низ чун асп пой гардонда савор мешавад ва педалро пой зада оташ мегиронад ва нишебии назди ҳавлии дар бари адир сохтаро фуромада меравад. Аммо гоҳи хона омадан хеле устокорона сечархаро то дари дарвоза меорад: як бор рост баромада то гардишгоҳи мувофиқ меравад, сонӣ аз паҳлўи роҳ чап гашта, паст рафта ба роҳи асосии ҳавлиамон мегардад ва ҷилави онро рост карда, газ медиҳад, то ба ҳавлӣ ояд. Аввалҳо азоб мекашид, баъдтар одат кард, ки марҳам барин мегашту меомад. Ў инсоне буд, ки чӣ кор карданашро медонист.
Дар фикру андешаи роҳсозӣ афтод: «Ин роҳро обод кардан машаққате надорад, роҳи асосӣ – роҳи Мушистон...» Чӣ хел ин қадар дароз гуфт ў, намедонам. Зеро ҳар корро нагуфта иҷро мекунад, сонӣ мефаҳманд, ки Абдуҳамиди Холиқ чӣ корҳоро ба субут расонидааст. Роҳи Мушистон ба базаи геологӣ мебарад ва бо он роҳ чӣ қадар касон савора рафта, кор буд мекунанд, аммо кораш саҳл нест. Чӣ қадар кўҳу камар, ҷару ҷўйро ҳамвору баробар кардан лозим меояд. Ғайри он дарахтони рўйи роҳро кандан лозим... Оқибаташ дар даҳони мардум... Падар миён баст ба ин кор, ки нерўи коргарии геологӣ хуб буд, гуфтугўй ва нақшаву хароҷот ҳам маълум буд. Холмуродов Боймурод – раиси геологии водии Зарафшон мувофиқ буд бо чунин ободонӣ. Аммо роҳзанҳо пайдо шуданд. Баъзе бахилони деҳаи сари роҳ шикоят навиштанд, ки Абдуҳамиди геолог барои роҳи худро росту ҳамвор ва наздик кардан арчазоронро нобуд сохт ва аз миёни деҳаи мо роҳ кушод, ки як навъ хиёнат аст...
Чун Халил аз падар ҷудо гашта, Душанбе хонданӣ рафт, гуфтор ҳам дигар шуд...
Сонӣ роҳро, дуру мушкил бошад ҳам, аз ҷониби деҳаи Вен кушоданд. Роҳи мошингарди анбори геологии Мушистон кушода шуд ва сад кор иҷро мешуд ба як бор. Абдуҳамид гўё барои кўҳгардиву заминканӣ ба дунё омадааст ва ғайри ҳамин кор дигар кореро намедонад. Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар Ағлуқ кори геологиро сар кард. Ҳамроҳи Мирзо Бошиву Мирзо Умед мерафтанду меомаданд; раги хунгарди Замин ё дили кўҳро пайдо карданӣ буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё