Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Паҳлўи санги лайс кандани нақб нисбатан осонтар метофт.
Росу ҳар гоҳ гўшаи чашм мекард, ки Ҷосу чӣ талвосае дорад?
Ў низ сархам чунон хок мепартофт, ки Олампаноҳ. Аммо дар мағзи сару дилу нияти онҳо чӣ андешаҳо буд, касе намедонист.
Фақат фикри Росуро фолбин муайян карда буд: «Ганҷи ниҳонро бо кадом роҳ то мулки Қатаған бурдан имкон дорад?» Боз худ рад мекард: «Имкон надорад. Ҳамин ҷо бояд зист то ҳукмрони мутлақи мулк шудан...»
Шафақи субҳ барин ҳавои он тарафи парда тофт. Лек ҷуръате набуд, то парда бардошта шавад. Аввал чашми сўзан барин кушоданд, баъд ба сони ҳалқаи ангуштарӣ. Ва ресмони нур ба девораи нақб бархўрд. Амр шуд, ки машъалҳоро хомўш кунанд ва ё пинҳон. Ҷосуйи пешкор як чашм ба сўрохӣ монда он сў нигарист ва аҷоиботеро дид: ғоре буд фароху равшан. Аз як ҳалқаи ресмони печида он тараф машъале фурўзон буд ва аз куҷое садои оби равон меомад. Чашм аз сўрохӣ гирифта сар афшонд Ҷосу ва Росуро ҳавас омада, андаке Ҷосуро бар зад ва худ дида бар сўрохӣ ниҳод: зиёдтар аз Ҷосу дид ва хун ба сараш зада, саҳл монда буд нобино шавад. Ресмони ало ба назараш бад расид; як балойи азим метофт. «Ҳамаатон як доманӣ хок гирифта биравед ва роҳро тоза нигоҳ доред! Ягон монеа набошад!» Маънии чунин амрро танҳо худаш медонист. Бо он қадар ҷуръат ва нияти кишваркушойӣ дар танаш воҳима афтод ва хаёли роҳи гурезро дошт.
Роҳ кушода шуд. Расми тасмабурӣ ба сари касе наомад. Ҳамон хел як сўрохи муш роҳ буд ва он тараф аз торикии нақб хуб метофт: теппача ва бар он ҳалқа задани расани ало ҳама афсонаҳои қадимаи ғору ганҷу мору аждарро ба ёди Росу овард. Вале ҷилойи ҷавоҳирот аз шўълаи машъал дар сақфи ғор мунъакис буд ва миёни он як ҳалқаи тира чун қандили мудаввари хомўш боқӣ метофт.
Дили Росу ва дили Ҷосу низ ба тапиш даромад. На тарсу ҳарос, балки андешаи ганҷи худодод ононро ба обу арақ ғусл медошт ва фикру хаёлашонро ба ҳазор кўчаи бунбаст бурда буд.
«Вазифаи вазири дасти рост бувад нақду насияро аз назар гузаронидан».
Чунин андешаи Шоҳросу вазир Ҷосуро водор сохт, то тар кунад хиштакро. Танаш ларзид ва ҷониби Росу табассум кард:
«Ташаккур ба бовариатон, Олампаноҳ!»
Росу низ табассум кард. Ҳарду ҳам табассуми ҷонбаромад буд.
Одатан дар чунин ҳолатҳо кадом дуоҳоро мехонданд, аммо онҳо ҷуз хўрдану дуздидану бурдан ва олудан дуоеро намедонистанд ва ҳама корашон дар чунин юриш таваккалӣ буд.
Ҷосу таваккалӣ пой аз сўрох дарун ниҳод ва Росу аз пас медид, ки чун тану ҷонаш меларзад. Мазоқу масхара карданӣ шуд.
Лек ба пойи ў низ ларза даромад. Манаҳаш ҳам ларзид ва чизе гуфта натавонист. Чун Ҷосу аз сўрохи тангу тор ба ғори фарох ва муҷалло омад, табъаш болид ва як андоза чашми сару замираш равшан гашт, аммо ларзаи пойҳояш ҷуръат аз вуҷудаш рабуда буд.

пешина
аз 378
навбатӣ