Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вагарна ҳамчун шери ба ғизолхўрӣ одаткарда гузаргоҳи ғизолонро бонӣ кунад. Бадани вазирро раъша давид ва ҳис кард, ки зери пўсташ мурғак рўйид; чунин пўсти дилбеҳузурро Росу набояд хўрад; сонӣ баданашро ларзонад, то сабаби безобитагиашро Росу пурсад. Аммо Росу ҷуз ғами аз пеши роҳ бардоштани ў андешае надошт.
— Лаънатпадар! Машъалро барои пеши роҳи туро дидан додаанд ё барои Олампаноҳ?!
Росу дида боло карда пешипо хўрда рўйи роҳ афтидани машъалбардорро дид. Ва якбора ҳама ҷо чунон торик шуд, ки вазир ба сараш расидани панҷаи Росуро ҳис кард ва ҳамон замон ба замин парч шуд. Гурехтанӣ шуд дар чунин торикӣ. Аз таваккул пеш тохта машъали хомўшгашта ва машъалбардори нимсўзро пахш карда гузашт. То ҷое тохт, ки кўрмушҳои асир барои рўзи мабод суфачае сохта буданд. Ва он ҳам мувофиқи қаду басти худашон буд. Вазир дар ҳамин ҷо дар комаи пайи санги канда ҷой гирифт ва «худо мегуфт» онҳо гузашта то пешгоҳ раванд ва ў баргашта гурезад. Якеи дигар низ омада пеши ўро гирифта истод, то лашкар гузарад. Аммо вазир ўро нашинохт. Нафас ба дарун гирифта ором меистод, то садояш набарояд ё дамаш ба паси сари ў нарасад. Торик бошад ҳам, кадом нозир пеши ў қарор гирифтани нафареро пай бурд. Аз дасташ кашида оҳиста гуфт: «Ба Росу месупорамат!» «Ин корро накун! Як умр дар хидматат ҳастам...»
«На! Ту хиёнати ҳарбӣ кардӣ. Ҷазоят ҳукми трибунал!»
Вазир медонист, ки нозир дар бораи кадом ҳукме сухан мегўяд, ки ҷуз даҳшату марг чизи дигаре ба дунё оварда наметавонад. Аз ин рў оҳиста рў гардонд; дар ҳамон кома қомат рост карда, сахт ба девора часпида, думро ҳам миёни пойҳояш гургвор кашида, ба таври хеш пинҳон шуда аз ҳамаву аз даҳшатҳо; чашм низ пўшид чунон ки хар гургро дида, пўшад, то гург набинадаш. Воқеан гузаштанд ҳама. Вазир панҷа аз девораи часпидааш канд ва гардан ёзида нигарист ба ду ҷониб. Ё касе набуд ё бошад ҳам, наменамуд дар чунин торикӣ. Вазир гўё ки шарфаи пояшро мешунида бошанд, нўг-нўги пой қадам зада бозпас рафт, сонӣ йўрға гирифт; мушона мегурехт. Чун ба ёдаш зад, ки ин роҳ ба диж мебарад ва он ҷо пур аз мушони бекор ва нозиронанд, раги пояш кашида оҳиста рафт ва макр андешиду ҳиял. Аммо ҳамин ки ба чашмаш як нури тира расид, воҳима кард: «Зудтар! Машъалҳоро афрўзед!
Машъалбардор сўхт! Машъал хомўш шуд! Зудтар!!!» Ў медонист, ки ҳанўз ҳукми вазирӣ дар забонаш ҳаст; ҳар чӣ гўяд, сўхтаву пухта сарбозҳо ба ҷо меоранд; қатъӣ гуфту ҷониби диж давид ва раҳораҳ меандешид, ки рўйи замин барояд, наҷот меёбад. Дигарон бо воҳима машъал афрўхта ба даҳонаи нақб шуданд, худаш роҳи гурез ҷуста, ҳамаро фирефта, гўё ба озодӣ баромад...

пешина
аз 378
навбатӣ