Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дидам оқибаташро: «Вой!» Ин дунё киро суд кард, ки туро кунад? Шўрбахт! Аз Фолбин-табиб ҳам мондӣ. Хаёл кардӣ, ки ў ба ту ҳамту ёрӣ мекунад; баччаи очат барин. Неее... Ў шўҷон барин... Бо ман ҳам нағма карданӣ шуд, дар даҳонаш лой задам. Кўза то кай ба лаби об солим рафта ояд?
Рўзе ба санг хўрад... Ҳой ҷинқарча! Донӣ, ки ман кӣ?!»
— Зани ҳаштуми як дузд!
Ва садоҳо хомўш гаштанд. На аз он ки суханони паси деворӣ онҳоро дам гардонд, балки садои чархболҳои болойи шаҳр ҳама овозҳоро пахш кард ва боди болҳои гардонаш ҳар чизи сабуку бемуттако ва ҳайдавро дар ҳаво бозӣ доронд. Гарчӣ дар идҳо мегаштанд, дилгир ва тарсу гардонида буданд бархеро.

Саврӣ рўйи хуш надод Ботурбойро. Гарчӣ ба Офоқ рафта омадааст ё ба биҳишт, шавҳари ўст; тагу тирезашро хубтар аз ҳама донад. Аз аввал маккору пурфан метофт, ки бо чормағзи пуч домони ўро пур карда, аз диёр гирифта гурехт ва азобу шиканҷаи зиёд кашиданд. Ҳоло ки болонишин гаштааст, ёди хонаву дар намекунад чун писарони дарбадар. «Ин хел набуд... Ин хел набуд... Салобат надошт... Куртаи ба шикам часпидаро канда худро бод намедод. Оруғ ҳам намедод. Оруғаш чунин турш намебўйид. «Астағфируллоҳ!» мадд намекашид. Бо гўшаи чашм намеозмуд... Лекин сар хам доштанаш ва андешаи норавшанаш ҳамон: норозӣ аз чизе ё аз касе. Ба хаёлам ўро фирефтаанд; куҷое бурда, дар кадом хонаи торик ҷо карда, хуб хондаанд ба гўшаш. Чунки нуктафаҳм набуд; каллаашро парма карда, сухан резӣ, ҷой намегирифт. Лекин ҳарфҳои нодаркору ба таври хеш бофта баровардаро кўтоҳ баён мекард: «Одам дорӣ». Лекин ҳоло бепарво. Солу моҳҳо партофта равад ҳам, пайдо шуда чизе намепурсад. Мазмун, хуб хонондагӣ: «Гумон касро ҷудо кунад аз имон!» Ҳолиё ҳамин чизро сарфаҳм мерафтагӣ шудааст. Зеро гўлу нодонро фирефтан осон бувад. Нодорро бо андак дастмоя ба дом овардан саҳл. Ҳамон ки буд, ҳаст: Гўё бисёр фикр мекарду худро куштан мехост. Ҳоло низ зиёд андешаду зистан хоҳад. Зеро он вақт андешаи рўзӣ дошт, ҳолиё андешаи нафс: ду нафс: нафси тагу нафси боло, ки баднафсро ба ҷаҳаннам барад.
— Бачча куҷо?
— Ятимхона...
Оруғ дод. Гози туршу тез кому биниро сўзонд. Хўрда аз даҳон омад. Туф мекарду оруғ медод. мегардонду туф мекард: «Ҳаром...»
Вале Саврӣ нафаҳмид, ки чирову киро гуфт. Напурсид. Лекин дилаш раг зад, ки чизе хўрондаанд. Зеро гови пурхўр пурхўри дигарро шох занад.
— Пойгаҳ ха...хало... ё-ёфтӣ-а?

пешина
аз 378
навбатӣ