Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз даҳонатон бод барад... Шўйи мана бо шўйи худатон баробар накунед. Шўйи ман бечораи худодод; Шўйи шумо аз ёғиҳои навбаромад: тороҷгар, каллабур; қотилу дузд ҳам гўем, мешавад. Шўйи ман як бечорек буд, ситорааш ба Худо рост омад, бандаи нек хонд...
— Шўйи шумо... вай... унтўрин... Вай... Ҳеҷ кӣ... Вай... гадо!
— Чӣӣӣ!!! Гадо? Гадо бошад, чаро «ҳавлии маро харанд»
гуфта омадӣ? Боз дар монд-а? Дар ҳаққи шўйи туву худи ту, дошта, пушти панҷара кардан кам. Чӣ балоҳое овардед ба сари мардум.
— Тўҳмат накун, дар тўҳмат мепечӣ.
— Ба ҳар ҳол, ҳамсоя, мардактон шўйи аввал не, шўйи чандум... шумо ҳам зани якум не, зани ҳафтум ё ҳаштум... Хапу дам шиштан гиред...
— Худи ту чӣ? Фолбин-табибро куштӣ!
— Ман?
— Чӣ ман?
— Шояд шумо бошед... Лекин ман...
— Фолбин-табиб барои ту шуда шўта ба осмонҳо баровардаст-ку?
— Э дафъ шав-э! Ман ту барин беномус нестам, ки танамро бо ҳар сурат ҳаром кунам. Ту дунёбехабар. Надонӣ, ки шўятро аз барои ту шуда ба чунин ҳол оварданд.
— Чӣ хел барои ман?
— Бо шавҳарат мусобиқа кардӣ: «Ў кард, ман ҳам бояд бикунам. Аз кӣ кам?» Ҳаштшўя шудан хостӣ...
«Ҳууд!!!»
Чӣ гуфтанро, ё чӣ кор карданро надониста чанг андохт, то рухи хубрўйро биканад, натавонист; дасташ нарасид. Дартоз шуд:
«Ҳоло мебинӣ! Мебинӣ! Бо собуни ман ҷомашўйӣ накардайӣ.
Лингат аз осмон меоранд. Пушти сарам бинад ту барин хонахарро!
Ба ту, ҷинқарча, хона-пона намедиҳам. Одам шудию... Ҳамсояҳо намедонанд, кӣ будани туро? Як ҷуллаки хукшўйи ҳаром. Хонаат дар паси девори мо гум шуда рафта буд. Қад кашид. Забони ту, гунгак, ҳам дароз шуд! Бало медиҳам! Хона медиҳааам? Пулат сарата хўрад! Мебинӣ, дунё ба чӣ рангҳо мегардад. Тушбераро хом шумурдайӣ, тиррончак! Ҳа... ҳа... Худамро мефурўшаму шўма мебурорам аз паси панҷара ва туро зани нўҳумаш мекунам! Накунам, номамро мегардонам... То он вақт дар бағалат муши оламро ҷо мегиронам... Макканду хўранд...» Тангкўчаро гирдгардон рафт гўя карда ва садояш аз ҳавлии баланддевори замонавӣ омад: «Ҳавлӣ медиҳам? Хок медиҳам! Гўр медиҳам... Тухмата пок накунам, намемонам... Шўйи шон биҳишт рафта омаден, дастбадаст. Дасти муридҳо ба ришашон намерасад... Кадоми чунин афсонаҳо рост буд, ки афсонаи пайғамбаронаи шўяки ту рост шавад? Аз сари худам гузашт чунин бозиҳо...

пешина
аз 378
навбатӣ